СИЁСАТИ ДУГОНАИ КИШВАРҲОИ ҚУДРАТХОҲ ВА ОҚИБАТИ БАДИ ОН

Ҳарчанд мубориза бар алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар тамоми ҷаҳон ба роҳ монда шудааст,аммо аз чӣ бошад, ки аксарияти абарқудратҳо дар мубориза бар терроризм ва хатарҳои ифротгароӣ сиёсати дугонаро пеш мегиранд ва дар кам намудани аъзо ва теъдоди ин гурӯҳҳо саҳм намегиранд?

Дар ҷое агар ин тоифа аз хатари терроризм ва эктремизм  сухан кунанд дар ҷойи дигаре онҳо ҳамин гурӯҳҳои террористиро худ сармоягузорӣ менамоянд, ки андак нигаронкунанда мебошад. Танҳо дар аввали зуҳури созмони террористии “Давлати исломӣ” зиёда аз 40 кишвари дунё онро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудаанд, ки хеле тассуфовар аст. Барои башариятро ба тарсу таҳлука афтонидан аксарияти кишварҳои қудратхоҳ аз нерӯи терроризм истифода менамоянд, ки хеле ҳадафи нодуруст ва зараровар аст. Феълан аксарияти гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ сармоягузорӣ шуда аз ҳамон ҷо идора мешаванд, аммо ҷаҳони муосир ҳолатҳоеро ҳам медонад, ки гурӯҳҳои террористӣ ба навъи инкор фаъолияти худро мустақилона ба роҳ монда, дигар интизори супоришҳои хоҷагон намегардиданд ва инро мо метавонем дар мисоли созмони террорстии “ал-Қоида” хуб мушоҳида намоем. Амрикоиён идоракуниро бар Усома бен Лодан аз даст дода, назорати пурраи кори ин созмони террористиро натавонистанд ва дар натиҷа амалҳои сангинтареро  ин созмони террористӣ анҷом дод, ки барои башарият доғи бузурге аз манфиатхоҳиҳои қудратхоҳони ғарбӣ нишон аст.

Ногуфта намонад, ки аксарияти гурӯҳҳову созмонҳои террористӣ дар ниқоби дину мазҳаб амал намуда, дар асл бошад барои ноором сохтан ва дар вуҷуди инсонҳо барқарор намудани тарс фаъолият намуда барои кишварҳои қудратхоҳ роҳ мекушоянд ва ин тарзи кор як василаи нави сиёсати қудратхоҳони ғарбӣ бар алайҳи кишварҳои ҷаҳони сеюм мебошад.

Аз ин рӯ, дар масъалаи мубориза бар гурӯҳҳои террористӣ-эктремистӣ моро зарур аст, ки бештар аз сипари иттилоотӣ истифода намуда, ҷавононро дар ҳолати хуби маърифатнокӣ тарбия намоем ва зарур аст, ки дар ин росто ба тамоми аъзоёни ҷомеа манфиат ва зарари гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ, ки ба фаъолияти террористӣ пардохтаанд бифаҳмонем ва сиёсати кишварҳои қудратхоҳро низ ошкор намоем.

Мо, хуб медонем, ки пас аз фирор намудани роҳбари ТЭТ ҲНИ ва дигар аъзоёни ин ҳизби террористӣ дар Аврупо паноҳ бурданд ва аз ҳамон ҷо истода мақсадҳои нопоки худро нисбати миллати тоҷик амалӣ кардани мешаванд, ки боиси шармсорист. Зеро роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳаргиз намедонанд, ки барои чанд пул шуда ба ватан ва миллати худ хиёнат мекунанд. Наҳзатиёни террорист шефтаву шайдои маблағи хоҷагони хориҷии худ гардид, имрӯз мехоҳанд бар алайҳи миллат мубориза баранд ва барномаҳои нопоки хоҷагони худро, ки реша бар тахърихи миллат мезанад, амалӣ намоянд. Боиси шармсорист, ки иддае ба хотири нафс ва пулу мансаб ба тамоми кор қодиранд, ҳатто ба фурӯхтани ҳуввияти худ ва аз ин тоифаи палид бояд ҳазар кард.

                                                                 Меҳвар Абдусаломович

                                                                 омӯзгори ДКМТ