Чӣ тавре, ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад давлатҳои ғарбӣ сиёсати дугонаро пеш гирифтаанд ва барои дастрасӣ пайдо намудан ба сарвату дороии давлатҳо аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ истифода менамоянд, ки хилофи қонунҳои башарият мебошад.
Дар чанд соли охир мо шоҳиди басуръат афзудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар Ховари Миёна ва дигар қораи замин гардидем, ки ин бесабаб нест ва албатта ҳамаи ин гурӯҳҳову созмонҳои террористӣ, ки аксарияташ решаи диниву мазҳабӣ дорад бо як ҳадафи муайян созмон дода шудаанд ва аз ҷониби давлатҳои абарқудрат сармоягузорӣ мешаванд, ки аксарияти ин давлатҳо бо дину мазҳаб ягон иртиботе надоранд ва фақат аз таълимоти он ба хотири ҳадафрас гардидани барномаву зудтар гумроҳ намудани мардум истифода менамоянд. Вагарна дар дини мубини ислом аз шиканҷа ва зӯран ба ҷиҳод даъват намудани афрод ҳарфе нест ва сухане ҳам барои ташкили ҳизбу ҳаракат намеравад. Аммо бо дар назардошти таълимоти динӣ, ки биҳишти ҷовидон барои онҳое, ки ба дин садоқат нишон медиҳанд дода шудааст, аксарияти ҷавонон побанд шуда, зуд ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегарданд, бехабар аз ҳадафи таъсисдиҳандагони ин созмонҳо ва ҳамин ҳолат аллакай заминагузорӣ ба терроризм мегардад.
Ҷониби дигари масъала дар он аст, ки аксарияти ҷавонон аз таълимоти дини бохабар нестанд ва умуман маълумоти зиёд надоранд ва ҳамин надонистану надоштани маълумоти муфассал ин ҷавононро бар масири торики гумроҳӣ раҳнамун месозад. Ҳамин надонистан ва фазои холии динӣ буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар созмонҳои террористӣ-экӣоемистии ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияти худро густариш дода, кишварро ба коми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва баъдтар маълум шуд, ки ин ҳизби террористӣ-эктремистӣ ягон робитае ба ислом надошта, фақат барои амалӣ намудани нақшаи хоҷагони хориҷии худ, фаъолият мебурдааст ва ба воситаи ин ҷавононро гумроҳ менамудааст. Ҳатто аксарияти аъзоёни собиқи ин ҳизб иқрор шуданд, ки аз барномаи пасипардагии ин ҳизби террористӣ огоҳ набуда, танҳо ба хотири ислом ба он аъзо гардидаанд.
Ин ҷо маълум мешавад, ки хоинони миллат бо таъсиси ҳизби исломӣ аз боварӣ ва эътиқоди мардум истифода намуда, мардумро гумроҳ сохтаанд ва ҷавобан ба ҳамаи ин даст ба хиёнат бар алайҳи миллат задаанд, ки гуноҳи нобахшиданист. Наҳзатиёни террорист дар Тоҷикистон фаъолият намуда, ба хотири несту нобуд сохтани миллат ва давлати тоҷикон аз хоҷагони хориҷии худ фармон мегирифтаанд ва ин албатта дертар ба пуррагӣ ошкор гардид.
Ҳоло аъзоён ва раҳбари ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст, ки ин гувоҳ аз ҳамон сиёсати дугонаи давлатҳои ғарбӣ дар мисоли мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмӣ байналмилалӣ мебошад.
Садриддинов Аслиддин
коршиноси масоили сиёсӣ