Яке аз дастовардҳои муҳими имрӯзаи мардуми шарифи тоҷик баъд аз хомӯши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овардани сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем.
Ҳангоме ки низову ихтилофот ва ҷудоиву парокандагӣ дар миёни мардум паҳн мегардад қудратталабиву тундравиҳои нерӯҳои алоҳидаи ифротгароӣ меафзояд ва ҳатто давлати қудратманд бар асари онҳо гирифтори нотавониву шикаст гардиданаш мумкин аст.
Имрӯзҳо фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат карда истодааст.
Аммо, дастовардҳои Тоҷикистон, рӯз ба рӯз беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аз тарафи баъзе ашхосҳо ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳу ифротгаро ва зиштқалб нодида гирифта, бо ҳар гуна роҳҳо дар воситаҳои ахбори омма вазъи Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нодуруст муаррифӣ менамоянд.
Зиёда аз ин, онҳо бо дастгирии молиявию иттилоотии “хоҷагони хориҷии худ” вазъи ороми Тоҷикистонро ноором мегардонанд. Бо кирдору амалҳои зишту ҷоҳилии худ хуни ноҳақи ҷавонони родмарди тоҷикро, ки барои дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ кардани мардуми шарифи тоҷик камари ҳиммат бастаанд, мерезонанд. Воқеаи мудҳиши 6 ноябр ба амал омада, яъне ҳуҷуми нохалафонаи душманони миллат ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқи гуфтаҳои боло аст.
Қувваҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом, ДОИШ ин кирдори ваҳшонаи худро дар замоне амалӣ намуданд, ки сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷа сафари хизматӣ доштанд ва бо ин амал онҳо мехостанд ин сафари кории Пешвои миллатро халалдор намоянд. Аммо тири нохалафи онҳо пош хӯрд. 11 санадҳои имзошуда оид ба ҳамкорӣ гувоҳи онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои хориҷ ҳамчун шарики боэтимод эътироф шуда, онҳо тарафдори ҳамкориҳои судманди тарафайн мебошанд.
Душманони миллату ватани соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки худро тоҷик мешуморанду неруҳои озодихоҳ мешуморанд бояд дарк намоянд, ки имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз менамоем, ба қадру қиммати истиқлолият ва давлатдории мустақилона мерасем ва ягон мақсаду мароми сияҳдилон ҷомаи амал намепӯшад.
Шамсиев Р. М.
мудири кафедраи таъминоти барқ