СИФАТИ ТАЪЛИМРО БЕҲТАР НАМОЕМ…

бардошт аз Паёми Пешвои миллат

 

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Дар ин бора дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат ба мақомоти дахлдор супориш доданд.

Ба андешаи Президенти кишвар, дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб- якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар вуҷуд дорад.

«Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем»,-зикр карданд Пешвои миллат.

Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти мамлакат дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале Сарвари давлат аз натиҷаҳои он изҳори нигаронӣ карда, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар асоси дастурҳои Паёми мазкур нақшаи тадбирҳои хосаи назорати сифати таълимро тартиб дода, дар донишкада ҳар сари вақт санҷиши дарсҳо, корҳои мустақилонаи шогирдон ва барномаи таълимӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи ниҳоии мо беҳдошти сифати таълим ва тайёр кардани мутахасисони баркамол мебошад.

 

Шермат Усмонов, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон