СИРКИ ТТЭ ҲНИ ДАР ВЕНА

Чаро наҳзатиёни манфур ва палиду касиф аз Шовалиев, як ифротгаро ва қонунвайронкунанда ба ин ҳад пуштибонӣ мекунанд?

Албатта, ҳамагон хуб медонанд, ки роҳбари наҳзатиёни манфур ва ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палиду касиф ба хотири гумроҳ намудани мардум ва махсусан ҷавонон аз хоҷагони хориҷияш маблағҳои ҳангуфте ба даст овардааст, то сафи гумроҳшудагонро фузунтар созад

Барои ин кор наҳзатиёни манфур ва палиду касиф аз чандин сомонаҳои ифротиро дар шабакаи ҷаҳонии интернет таъсис додаанд, ки мақсадашон ҳам гумроҳсозӣ, фирефта намудан ва сарсон гардонидани ҷомеа мебошад. Муҳтаво ва матлаби ин сомонаҳо бошад, аслан ба ягон дард намехӯрад ва асло ба маводи касбӣ ҳам монанд нест, фақат дар ин сомонаҳо ташвиқу тарғиби терроризм ва матлабҳои иғвобарангезу бардурӯғро дидан мумкин аст, ки асло   қобили қабул  нест. Зеро ҳар як матлаби нашаротӣ дар ин сомонаҳои ифротӣ бо мақсадҳои кина барангехтан, фитнаандохтан, гумроҳ сохтан ва касеро мавриди танқиду туҳмат қарор додан навишта шудааст ва ба ягон қолаб дуруст намеояд.

Баргардем ба асли матлаб ва мерасем ба қазияи Ҳ. Шоҳвалиев, ки ахиран аз ҷониби пулиси Австрия барои нақзи қонун ва убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шудааст ва қарор аст, ки дар рӯзҳои наздик ба Ватан фиристода шавад. Аммо ҳамин масъаларо ҳам хоинон ва душманони миллати тоҷик дар ҳамин сомонаҳое, ки гуфтем бозтоби гуногуни сиёсӣ дода, онро ба тарзҳои гуногун ташреҳ медиҳанд ва аз Шоҳвалиеви ифротгаро ва қонуншикан як қаҳрамон сохтанӣ мешаванд, ки ин як шармандагӣ мебошад.

Таҷаммӯи наҳзатиён дар Вена боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои Аврупо барои наҳзатиён кафили қонуншиканиву қонунвайронкунияшон ҳастанд. Зеро ҳар боре, ки ин ё он наҳзатӣ бо ҷурмҳои гуногун дар асоси қонун пушти панҷара меравад, наҳзатиён ҳатман ин масъаларо тобиши сиёсӣ дода мехоҳанд ӯро озод намоянд ва бо фишороварӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ ин корҳоро анҷом медиҳанд, ки акнун барои наҳзатиён ба ҳукми анъана даромадааст.  Ин ҳолатро ҳатто найранги олии наҳзатиён номидан ҳам мумкин аст, ки хеле аз пасаш мебароянд.

Бубинед то ба ҳол онҳо хостори озодии Зайд Саидов ҳастанд, ки ин ҳам ба мисли боло як ҳолати аҷиб дорад. Яъне Зайд Саидов ба хотири гуноҳҳои исботшудааш ва бисёрзаниву пулдӯздӣ пушти панҷара рафтааст, аммо наҳзатиёни манфур бошанд ба ин масъала ҳам тобиши сиёсӣ медиҳанд, ки ин хеле нигаронкунанда аст ва бояд созмонҳои байналмилалӣ ин макри наҳзатиёни палидро дарк кунанд, ки оқибати нек надорад.

Яъне ҳар ҷинояткоре, ки ҷиноят содир кунад ва бо ҳукми қонун пушти панҷара равад,  наҳзатиён аз ӯ қаҳрамон месозанд ва парвандаи ӯро тобиши сиёсӣ медиҳанд, ки хеле хандаовар ҳам ҳаст.

Дар масъалаи Ҳ. Шоҳвализодаи ифротгаро ҳам ҳамин найранги машҳурашон наҳзатиён кор гирифта, мехоҳанд, ки ин қонуншиканро ҳам аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод созанд, ки ин амал номумкин аст.

Дар таҷаммӯе, ки дар шаҳри Венаи Австрия шуда гузашт наҳзатиёни палид бештар аз мақоли “бо баҳонаи шолӣ кирмак об хӯрдааст” истифода бурда, бештар хостори озодии 1 тан афроди хатарнок бар башарият, аъзоёни ТТЭ ҲНИ шудаанд, ки ин ҳодиса ба як сирк шабоҳат дорад.

Аслан талаби озод намудани ҷинояткор худаш як хандаовар аст ва соният ин ки наҳзатиён ба қазияи ин ҷинояткорон тобиши сиёсӣ медиҳанд, аллакай ба як сирк монанд аст. Ҳоло ин дар Австрия ҷамъ омадаанд, то Шоҳвализодаи ифротгароро аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод намоянд ва ин ҳам бошад бо тарзи тобиши сиёсӣ додани парвандаи ӯ, ки ин бештар ба як намоиномаи сиркӣ монанд аст ва ин таҷаммӯи бадкешони наҳзатиро намоиши навбатии девонагон дар майдони театри озод номидан мумкин аст.

Ҳоло бо ин корашон наҳзатиён бештар мехоҳанд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва миллатро бадном кунанд, аз ин лиҳоз аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо мешавад, ки ба парвандаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо чашми рӯшан нигаранд ва ин террористонро аз хоки Аврупо берун кунанд, зеро наҳзатиён ҷинояткорон ва палид худ як паҳлӯи терроризми байналмилалӣ ҳастанд, ки дар ниқоб ҳоло фаъолият мебаранд.

Пас қазияи як ифротгаро ва қонунвайронкунанда то чӣ ҳад метавонад сиёсӣ бошад?

Давлатов Д.

oмӯзгори ДКМТ