Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар утоқи кории муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо намояндаи беҳтарин нуктаи комиссияи қабули донишкада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Азизов Қурбонро, ки зиёд аз 247 довталаб ба донишкада ҷалб намудааст, ба ҳузур пазируфта, изҳори миннатдорӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки Азизов Қ. аз аввалинҳо шуда ин рӯйхатро зиёд намуд ва корбарияш дар миёни омӯзгорон чашмрас буд.
Ёдовар мешавем, ки қабули имсолаи довталабон дар донишкада ба тариқи бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар шаҳру навоҳии вилоят сурат гирифта, дар нуктаҳои ММТ, чанд нафар омӯзгорон барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳузур доштанд.
Шуъбаи иттилоот