Санаи 11-уми феврал дар толори хурди донишкада семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони “Паёми роҳнамо” баргузор гардид. Семинарро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Паём ва таъсири ба рушди кишвар сухан ронд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза омӯзгорон ва донишҷӯён баромад намуда, оид ба нақшу мақоми Паёми Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар як сокини кишвар гуфтанд. Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи Паёми Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳими он суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Паём роҳнамои миллати тоҷик дар масири рушд буда, баҳри пешрафти кишвари азизамон нигаронида шудааст.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем ва ҳар лаҳза зиёдтар дар бораи рушди меҳани азиз ва саҳми хеш дар пешрафти он фикр намоем.
Ёдовар мешавем, ки меминари мазкур бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ гузаронида шуд.
PS: Хонандаи арҷманд бинобар мушкили фаннии сомона, хабару гузоришҳо дертар гузошта шуд