Санаи 25-уми январ дар толори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ семинари-илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедраи мазкур Тоҷибоева Манзура роҷеъ ба нақшаи семинар ва ҳадаф аз баргузории он суханронӣ намуд. Баъдан, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова Сурма дар мавзӯи “Пешвои миллат посдори забони модарӣ” суханронӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки маҳз бо талшҳои Сарвари хирадманди кишвар ба забони тоҷикӣ мақоми баланд дода шуд ва барои ҳифзи ин забони ноб дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд, ки ин хидмати бузурги Пешвом муаззами миллатро ҷомеа ҳаргиз фаромӯш намесозад.
Ҳамчунин, дар семинаи мазкур донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ баромад намуда, шеърҳо қироат намуданд.