Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ- амалӣ дар мавзӯи ” Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030″ бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба бандҳои асосии он суханронӣ намуд. Сипас, мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ дотсент Воҳидов Аҳрорҷон ва мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Эшонқулов Ином баромад намуда, роҷеъ ба аҳамияти стратегия, манфиати он ба эҷодкорону ихтироъкорон, омода намудани мутахассисони варзида, истифодаи имкониятҳои нави таълим барои муҳандисони оянда чанд нуктаро таъкид карданд.
Дар интиҳо омӯзгорону кормандон андешаҳои хешро баён намуда, ҳадафи барномаи мазкурро равшантар сохтанд.