Имрўз дар Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии онлайнӣ дар мавзўи “Истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ” бо ҳамкории Филиалии Олмаликии Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд баргузор гардид. Семинари мазкурро ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр оғоз бахшид. Дар кори семинар аз ҳарду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳайати устодон ширкат варзиданд. Дар кори семинар доктори илмҳои геологӣ минерологӣ, профессор Абдураҳимов С.Я. дар мавзўи “Распространение редких минералов в Карамазаре (на примере Рения)”, декани факултети корҳои кўҳии ДКМТ дотсент Самадова Г.М. дар мавзўи “Пути эффективно разрабоки и переработки минеральных ресурсов в Северном Таджикистан”, ассистенти кафедраи корҳои кўҳии ФО ДДТТ Адусамадова Н. дар мавзўи “Обоснование технологических параметров в рабочей зоне карьера”, ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки ДКМТ Мањмудов Ҳ.А., дар мавзўи “Технология переработки упорных золотосодержащих руд месторождения Иккижилон” маърўзаҳои илмӣ намуданд. Баргузории чунин семинарҳои илмӣ пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии устодон дар зинаи таълими мутахассисони соҳавӣ, табодули таҷрибаи тарафайн ва дар амал татбиқ намудани сиёсати муносибати неки ҳамсоядорӣ дар равнақи илми ҳарду кишвар мебошад. Дар кори семинар аз ҷониби роҳбарони ҳарду тараф тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади табодули таҷриба устодони соҳавӣ аз ҳар ду ҷониб дидан хоҳанд кард. Баргузории чунин семинарҳои илмиву машваратӣ бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии бародарии Узбекистон инчунин сиёсати дурандешонаи сарони ҳарду кишвар мебошад. Семинар бо баррасии мавзўҳои болозикр ва муҳокимаҳои илмӣ ба кори худ хотима бахшид.