Семинар ҷиҳати солимгардонии ҷомеа аз ҷониби устодони варзиш баргузор гардид

Дирӯз, дар хобгоҳи донишкада аз ҷониби омӯзгорони кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур нахуст мудири кафедра Фархазова Румия суханронӣ намуда, ҷиҳати пайдо гардидани вабои аср-КОВИД-19 ва пайомадҳои он дар бахшҳои иҷтимоӣ изҳори таассуф намуд ва тамринҳои варзиширо ҷиҳати пешгирӣ аз чунин вирусҳо омилҳои асосӣ хонд.

Сипас, омӯзгори кафедра Хуршед Ҳайдаров маърӯза хонда, илова намуд, ки машғул шудан ба варзиш баданро обу тоб медиҳад ва хунро ба ҳаракат медарорад, ки дар ин ҳолат на ҳама вирусҳо метавонанд ба муҳити бадан таъсир расонанд.

Ҳамчунин, ӯ қайд менамояд, ки машғул шудан ба варзиш на танҳо инсонро солим мегардонад, балки боз ҳам нерӯманд месозад, ки дар ин ҳолат шаҳрвандро аз қатори шахси осебпазир баровардан мумкин аст, ки ин фақат натиҷаи ҳамон варзиши бадан мебошад.

Дар интиҳои семинар байни омӯзгорон ва донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт, ки ҷаласаро боз ҳам рангинтар гардонид.

 

Шуъбаи иттилоот