Имрӯз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба омода намудани масгистрантону аспирантон ва пайваст намудани илм ба истеҳсолот бармеояд, дар донишкада семинари илмӣ амалӣ баргузор карда шуд.
Дар семинари имрӯза магистрантону аспирантон, докторантону унвонҷӯён ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ фаъолона ширкат намуданд. Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Паёми имсолаи Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлкат” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари кишвар масъалаи пайваст намудани илм ба истеҳсолот, татбиқи натиҷаҳои илмӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа сухан рафт ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо вазифагузорӣ намуданд ва моро зарур аст, ки дар ин самт бештар кор кунем ва натиҷаи дилхоҳро пешниҳод намоем. Магистратура ин қадами аввал ба роҳи илм ва ҷавонон бояд дар ин роҳ бисёр ҳам содиқ ва шавқманду пурсабр бошанд. Мо, аз ҷавонон умеди калон дорем ва ҷавонон низ бояд барои рушди илм, саҳмгузорӣ дар истеҳсолот, омода намудани мутахассисони ҷавон талош намоянду аз худ ҳамчун олими ҷавон дарак бидиҳанд.
Баъдан дар семинари мазкур дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат дар рушди энергетикаи кишвар такон мебахшад ” унвонҷӯи донишкада Эшов Зулфон Субҳонович, дар мавзуи “Паём роҳнамои миллат” магистранти бахши якуми ихтисоси 33010101-экология Қозизода Муҳсини Маъруф, дар мавзуи “Таҳқиқи сифати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” магистранти бахши якуми ихтисоси 33010101-экология Миров Исмоил Мирмуҳамадович маъруза намуда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои муҳими он, мақсаду вазифагузориҳо ва муаммоҳои илмиву таҳқиқот сухан ронданд.
Ҳамчунин, миёни дигар унвонҷӯёну магистрон суолу ҷавоб оид ба мавзуи матраҳшаванда сурат гирифта, муколамаи хуби илмӣ ва роҳнишондодӣ шакл гирифт.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси шуъбаи аспирантура ва магистратура баргузор карда шуд ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кори семинар ва маърӯзакунандагон баҳои баланд доданд.