Имрӯз дар толори зеҳни сунъии кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети электромеханика семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Навориҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ” бо ширкати омӯзгорону кормандон ва меҳмонон-ректорону директорҳои донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ намуда, талошҳои роҳбарияти донишкадаро барои рушди зеҳни сунъӣ баҳои баланд дод ва изҳор дошт, ки рушди зеҳни сунъӣ имрӯз хеле муҳим аст ва мо низ омодаем дар ин самт мусоидат намоем. Навовариҳо дар ҳама соҳа ба пешрафту муваффақият мебарад…
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мо раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, то дар рушди зеҳни сунъӣ ва ҷалби омӯзгорон ҳатто аз хориҷи кишвар саҳм гузорад ва ин самт аллакай корҳо оғоз гардидааст.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ дотсент Ашӯров Хайриддин дар мавзуи “Регрессияи хатӣ яке аз алгоритмҳои асосии омӯзиши мошинсозӣ мебошад”, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Абдураҳмонова Азиза дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф”, роҳбари Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ Шербоев Муродҷон дар мавзуи “Ҷанбаъҳои ахлокии зеҳни сунъӣ” ва омӯзгори фаъол, дотсент Саидов Асомиддин дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи иқтисод ва саноати кишвар” маъруза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар доираи ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор карда шуд.