Семинар-машварати кормандони Маркази миллии патенту иттилооти ҷумҳурӣ ба омӯзгорону кормандони донишкада

Тибқи мактуби Муассисаи давлатии маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо вобаста ба соҳа, санаи 09.06.2021с.соати 900 семинар-машварат дар толори Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллӣ Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод. Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати гирифтани патент ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ суҳбат намуданд. Ректори донишкада иброз доштанд, ки имрӯз барои ихтироъкориву навоварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон бояд, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд. Ҳамзамон, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи сабти тамғаҳои миллии молӣ ва ба инобатгирии баъзе нишондодҳои ҷуғрофӣ сухан ронда, иброз доштанд, ки барои муаррифии сарватҳои бой, табиати зебо ва обҳои шифобахши Тоҷикистон соҳибкорон барои баланд бардоштани мақому манзалати истеҳсолӣ ватанӣ бояд дар баъзе мавридҳо тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда нишондодҳои ҷуғрофӣ баинобат

Сипас, дар мавзӯъҳои “Асосҳои моликияти зеҳнӣ”, “Ихтироъ-мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он”, “Тамғаҳои молӣ”, “Намунаҳои саноатӣ-мафҳум ва моҳияти он”, “ишораҳои ҷуғрофӣ”, “Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” Сорбони Саидҷалол-сардори раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, Раҳматова Мамнуна-сармутахассис-коршиноси раёсати бақайдгирии байналмиллалии тамғаҳои молӣ, Бухориев Абдусатор- сармутахассис-коршиноси раёсати бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ ва Ғафурова Мадина-корманди ҳамин ниҳод суханронӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот суолу ҷавоб байни омӯзгорону маърӯзачиён сурат гирифт, ки аз инҳо фаъолтаринашон муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ ва Эшов Зулфон буданд.

 

Шуъбаи иттилоот