Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада семинари илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолият дастоварди арзишманди миллат” баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ Абдуллоев Икром ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимият ва зарурати истиқлоли давлатӣ, ифтихори миллӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.
Сипас, омӯзгори фаъоли донишкада, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар дар мавзуи “Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он” сухан ронда, аз рушду тараққиёти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ва пешрафтҳову дастовардҳои муҳим ёдоварӣ кард.
Ҳамзамон дар семинари имрӯза омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ Юсупова Саноат дар мавзуи “Рисолати занон дар сиёсат, рушди давлат ва пешрафти ҷомеа дар даврони истиқлолият” суханронӣ кард.
Донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 43010301 Холматов А. низ дар мавзуи “Ҷавонон нерӯи ояндасози замони истиқлол” суханронӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки семинари имрӯза бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоии факултети электромеханика баргузор гардид.