Семинар дар ДКМТ: ҳифзи пиряхҳо муҳим аст

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ташаббуси факултети металлургия семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Семинари мазкур зери роҳбарии профессори кафедраи экология, академики академияи муҳандии Россия Юнусов Музаффар баргузор гардид.
Дар чорабинии имрӯза, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо дар мавзӯи “Ҷанбаҳои геосиёсӣ ва амалкарди созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо”, профессор Розиқов Зафар дар мавзӯи ” Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираи пиряхҳо”, дотсент Ҳоҷиён Мирзошокир дар мавзӯи “Ҷудо намудани элементҳои радиоактивӣ бо усули сорбсионӣ” маърӯза намуданд.
Зимни суханронии баромадкунандагон омӯзгорон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, дар семинари имрӯза бо фарогирии хулосаҳои марказҳои илмии ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои илмии олимони варзида, профессорони донишкада суханронӣ намуданд, ки хулосаҳои илмии ҷамъбасти ин семинар метавонад, як роҳнамои илмӣ барои истифодаи муҳаққиқон гардад.
Дар умум семинари мазкур хеле таъсиргузор ва муҳим барои ҷомеа буд.