Санаи 25.05 2024 дар синфхонаи зеҳни сунъии донишкада (М8) семинари илмӣ-амалии факултети металлургия таҳти унвони “Технологияҳои инноватсионӣ – асоси рушди устувори соҳаи саноат” бахшида ба амалисозии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” баргузор гардид, ки дар бора аз факултети металлургия ба шуъба иттиллоъ доданд.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А., декани факултети металлургия н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М., сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада Раҳимова Ш.К. ва зиёда аз 20 нафар омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.
Дар ибтидо муовини декани факултети металлургия Усмонов Ш.Ҷ. баромад намуда, қайд намуд, ки тибқи нақшаи умумидонишкадавии баргузор намудани семинарҳои илмӣ-амалии кафедраҳои ДКМТ барои соли хониши 2023-2024 имрӯз семинари илмӣ-амалии кафедраҳои факултети металлургия “Технологияҳои инноватсионӣ-асоси рушди устувори соҳаи саноат” бахшида ба амалисозии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” баргузор мегардад.
Сипас ӯ ҳозиринро бо барномаи семинар шинос намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А. дод. Умарҷонов А. дар баромади худ қайд намуд, ки самти корҳои таълимӣ ва илмӣ -тадқиқотии кафедраҳои донишкада бевосита ба амалисозии Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, омӯзгоррону кормандон ва донишҷӯёну магистрони донишкада дар иҷроиши нақша-чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур кӯшиш намуда истодаанд ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас низ ноил шудаанд. Хусусан кафедраҳои факултети металлургияи донишкада дар самти рушди саноати металлургии кишвар хело корҳоро иҷро намуд.
Сипас, ӯ оид ба вазъи имрӯзаи саноати металлургияи Тоҷикистон, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа маълумоти муфассал дод.
Аз рӯи масъалаи якуми семинар муаллими калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Дадохонов М. дар мавзуи “Истифодабарии сӯзишвории гуногун дар автомобилҳо” баромад намуда, қайд намуд, ки дар марҳилаи имрӯза дар шароити кӯҳии кишвар аксарияти корҳои ҳамлу нақли борҳои саноатӣ тавасути нақлиёти автомобилӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон мавсуф оид ба беҳбудиҳо ва камбудиҳои сӯзишвориҳои гуногуни дар автомобилҳо истифодабурдашаванда ва муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт маълумотҳои муфид дод.
Оид ба ин масъала н.и.х., профессори кафедраи экология Мавлонов А., н.и.т., профессор Умарҷонов А., н.и.т, мудири кафедраи ҳамлу нақл Бобоев Р.М. ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми семинар н.и.х., профессори кафедраи экология Мавлонов А. дар мавзуи “Технологияи кампартов дар истеҳсолоти соҳавӣ” баромад намуда, оид ба вазъи имрӯзаи ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт, принсипҳо ва самтҳои технологияи кампартов маърӯзаи илмӣ намуд.
Роҷеъ ба ин масъала н.и.т., профессор Умарҷонов А., н.и.т, мудири кафедраи ҳамлу нақл Бобоев Р.М., н.и.т., мудири кафедраи металлургия Қодиров А.А., мудири кафедраи экология, н.и.т., дотсент Ҳоҷибоев Д.Д. ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ, н.и.т., профессор Умарҷонов А. баромад намуда, мавзуҳои баррасишударо муфид арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки мавзуҳои дар семинарҳои илмии кафедраҳо ба нақша гирифташуда, бояд аҳамияти муҳими амалӣ намудани Барнома ва Стратегияҳои давлатиро дошта бошанд.