Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конфронси оби Созмони милали муттаҳид, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Подшоҳии Нидерландия санаи 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, зери гардонандагии профессори варзидаи донишкада, пажӯҳишгари масоили об ва захоири он, олими сатҳи ҷаҳонӣ Розиқов Зафар Абдуқаҳорович баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи семинар профессор Розиқов Зафар таъкид намуд, ки семинари мазкур дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва кафедраи экологияи донишкада минбаъд низ ин масъаларо пайгирӣ хоҳад кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳалли проблемаи об дар ҷаҳон инсониятро аз мушкилоти рақами яки дунё наҷот медиҳад. Сипас, муовини аввали ректор, яке аз олимони варзида профессор Насриддинов Замониддин суханронӣ намуда, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли проблемаи ҷаҳонии об таърихӣ номид. Мавсуф қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси хеш башариятро аз норасогии оби тоза ва мушкилоти ба он вобаста наҷот дод, ки ин барои мо ифтихори бузург мебошад. Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳии ин чорабинӣ директори котиботи байналмилалӣ оид ба об Оливер Норманд суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳони Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об сутуданист ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол мебошад, чунки ҳалли масъалаҳои норасогии об имрӯз хеле муҳим мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки семинари мазкур доираи нақша- чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ва бо ибтикори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Намояндагии котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва ин чорабинии байналмилалӣ дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонӣ бори аввал дар марҳалаи баргузории Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конференсияи ҷаҳонии оид ба об, ки аз 22-24-уми март дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор мегардад, дар сатҳи баланд ва пуршукуҳ гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии имрӯза намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, намояндагони соҳаи маорифи вилоят ва 10 нафар хонандагони фаъоли макотиби миёна ширкат варзиданд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза бо маърӯза ва презентатсияҳо олимон ва намояндагони ташкилоти ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ суханронӣ намуданд, аз ҷумла
роҳбари YGPE Мамадов И. дар мавзӯи “Истифодабарии сарфакоронаи захираҳои обӣ”;
намояндагони ISW Абдуллоева М. ва Содиқзода Т. дар мавзӯи “Таҷрибаи кори ташкилоти ISW дар самти “Таъминои об, беҳдошт ва гигиена”;
доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З. дар мавзӯи “Омода кардани мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳандисии муҳити зист дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон”;
донишҷӯи бахши дуюми донишкада Фарҳоди Ангубин дар мавзӯи “Фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон”. Сипас, олимон, мутахассисон, донишҷӯён ва хонандагони макотиби миёна вобаста ба истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ, беҳдошт, омода кардани мутахассисони соҳа, ҷалби бештари донишҷӯён ва хонандагони МТМУ ба мавзӯъҳои баррасишаванда суханронӣ карданд.
Дар интиҳо барои ҳозирин онлайн- викторина ташкил карда шуд. Ғолибони он бо тӯҳфаҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, имрӯз аз ҷониби ташкилкунандагони семрнар дар мавзӯи оид ба сарфакорона истифодабарии захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аксияҳои гуногун гузаронида шуд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки ин семинар бо ташаббуси профессори кафедраи экология Розиқов Зафар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар донишкада гузаронида шуд, ки ин як сафҳаи таърихии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.