Семинар:Саноатикунонии босуръати кишвар меҳвари рушд”

Имрӯз дар утоқи академияи CDIO семинари илмӣ-амалии факултети металлургия таҳти унвони “Саноатикунонии босуръати кишвар меҳвари рушд” бо ширкати омӯзгорону профессорон баргузор гардид.
Семинарро профессори кафедраи экология Розиқов Зафар ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба саноатикунонии босуръати кишвар, омилҳои рушди иқтисодӣ, фишангҳои аслии иқтисодӣ, имкониятҳои саноати кӯҳӣ, захираҳои табиӣ суханронӣ намуд.
Сипас, дотсенти кафедраи металлургия Мӯминов У.Х. дар мавзӯи “Истеҳсоли металли литий бо усули алюминий- термикӣ”, омӯзгори калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Разоқов С.О. дар мавзӯи “Бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои саноатӣ” баромад намуданд.

Зимни баррасии мавзӯъҳо олимон баҳсу баррасӣ намуда, ҳамчунин ба маърӯзачиён суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.