Санаи 21.05.2024с. вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо экокулуби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар толори бинои Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Ҳадаф аз ин вохӯрӣ ва гузаронидани семинар, ин баланд бардоштани маърифати экологӣ, омӯхтани муаммоҳои экологӣ, додани маълумот оид ба хатарҳои экологӣ, роҳҳо ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити атроф мебошад.
Аз рӯи барномаи семинар, се маърӯза аз ҷумла аз ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. дар мавзуи “Фаъолияти клуби экологии ДКМТ”, донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 330101-05 – ҳифзи мухандисии муҳити зист Холиқов М. дар мавзуи “Гуногунии биологӣ ва ҳифзи он”,
Сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х.М. дар мавзуи “Муаммоҳои экологӣ ва оқибатҳои он” шунида шуд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, аз ҷониби ширкаткунандагон ба Сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х.М. оид ба муаммоҳои экологӣ ва чораҳои истифода мешуда ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар вилояти Суғд саволҳо дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Саидов Х.М. ба кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷилд тақдим карда шуд.
Дар ҷамъбасти семинар д.и.т. профессори кафедраи экология Розиқов З.А. оид ба ҳамкории дуҷониба бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ва мустаҳкам намудани муносибатҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ ва омода кардани мутахассисони ояндаи соҳаи экология суҳанронӣ намуданд.
Семинар барои иштирокчиён хотирмон гузашт ва пешниҳод карда шуд, ки ин гуна семинарҳо бештар ташкил карда шавад.