Ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавон ва огоҳ гардонидани донишҷӯён аз нозукиҳои барномаи таълимии фанни кимиё (химия), ки дар макотиби миёна ва коллеҷҳо аз он хонандагон бебаҳра мемонанд, омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ғафоров Содирҷон семинари омӯзишӣ гузаронид. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот ноиби ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов Замониддин ба шуъба иттилоъ расонид.
Гуфта мешавад, ки дар семинари имрӯза, ки дар Донишкада гузаронида шуд, нозукиҳои барномаи таълимии фанни мазкур ва ҳамчунин усули нави коркардабаромадаи омӯзгор Ғафоров С. дар семинар ба таври озод фаҳмонида шуд. Ҳамзамон аз рӯйи ҳамин усул минбаъд низ ба донишҷӯён семинару машваратҳо гузаронида мешавад.