Семинари назариявӣ дар хобгоҳи донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президент

Имрӯз, дар хобгоҳи №3-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Пешвои мо-ифтихори мо”  баргузор гардид, дар он ҳама бошандагони хобгоҳ ширкат варзиданд. Семинари мазкур бо ширкати масъули хобгоҳҳо Ёрматова Х, мудири шуъбаи тарбия Муслимзода Х., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Ш ва муовинони деканҳо оид ба тарбия баргузор гардид. 

Чорабиниро нахуст Ёрматова Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ  нақши Президент ва таърихи давлатдории навини тоҷикон сухан гуфта, ҳоҳиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.  Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи тарбия Муслимзода Х. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишкада Насриддинов Ш. суханронӣ намуда, роҷеъ ба Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон андешаронӣ намуданд. 

Донишҷӯёни фаъол низ роҷеъ ба мавзӯҳои алоҳида баромад намуда, дар интиҳои семинар мулоҳизаронӣ намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот