Семинари машваратӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада семинари машваратӣ бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд. Сипас, перомуни нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди бомароми кишвар сардори раёсати таълим Осими Оқил, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули,  мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳҳоб, омӯзгори ҳамин кафедра Бобоҷонов Савриддин ва донишҷӯ Валиев М суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ба як қатор ғолибон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.


Шуъбаи иттилоот