Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада семинари машваратии факултети металлургия бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ширкати полковники мустаъфии КДАМ- Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Орифҷон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклгирии таърихи давлатдории навини тоҷикон ва ҳамзамон хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси давлати комилан миллии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки маҳз ҷасорату шуҷоат ва мардонагиву хислати тоҷикии Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба қадри ин неъматҳо бирасанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур полковники Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифҷон Содиқов, ки дар он рӯзҳои вазнин баҳри таъмини амният дар кишвар талош менамуд, суханронӣ намуда, лаҳзаҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷавонон қисса намуд.
Баъдан як силсила ҳаводисро нақл намуда, роҷеъ ба талошҳову ҷониссориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд нуктаро гуф а гузашт ва таъкид намуд, ки дар он шабу рӯз идора намудани ҷумҳурӣ осон набуд ва ҳар лаҳзаву ҳар соат хатарҳо вуҷуд дошт, вале новобаста аз ин роҳбари давлат ва кормандони сохторҳои қудратӣ талош менамуданд, то дар кишвар сулҳ барқарор шавад ва ҳамин хел ҳам шуд ва барои ин лаҳзаҳо, ин дақиқаҳои оромӣ шукр бояд гуфт….
Ҳамчунин, дар семинари мазкур муовини декани факултети металлургия бонуи донишманд ва зебо Расулова Мунзифахон, омӯзгори фаъоли кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул ва донишҷӯи фаъоли факултет Кӯҳзоди Раҳмонзод суханронӣ намуда, аз хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба меҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, сипас ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид кард, сухани иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таърих аст ва шумо бояд ин таърихи зиндаро фаромӯш насозед, чунки ин роҳи тайнамудаи миллати мо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети металлургия гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот