Имрӯз, дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари техникии машваратӣ барои корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Чорабиниро нахуст муовини сардори хадамот Аламзода Исроил Бобо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба корҳои бехатарӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ сухан ронда, арз намуд, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корхонаҳои саноатӣ кормандони хадамот семинару машваратҳои техникӣ мегузаронанд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши техникии кормандони корхонаҳои саноатӣ, шахтаву ширкатҳои металлургӣ мусоидат менамояд.
Сипас, дар семинари мазкур ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки бо баракати соҳибистиқлолӣ ва дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши мазкур имрӯз, соҳаи саноат хеле рушд намудааст. Ҳамчунин, ректори таъкид намуд, ки бехатарӣ ва бурдани корҳои машваратӣ ҷиҳати андешидани чораҳои эҳтиётӣ хеле муҳим ва зарур аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар семинари имрӯза ҳамчунин сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и вилояти Суғд Шарифзода Озифхон, Иноятов Қандил-мутахассиси пешбари Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд, Назриев Х.Х.-сардори нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ ва дигар намояндагони корхонаҳои саноатӣ суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур фардо низ идома пайдо мекунад ва шавқмандон метавонанд аз корхонаҳои саноатӣ дар он ширкат намоянд.