Санаи 07.05.2022, соати 1100 дар синфхонаи зеҳни сунъӣ (М8)-и шуъбаи техникӣ ва зеҳни сунъии донишкада семинари илмӣ-назариявии кафедраҳои тахассусии факултети металлургия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректори оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ, н.и.т., профессор Умарҷонов А.А., декани факултети металлургия н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М. ва омӯзгорону кормандони кафедраҳои донишкада иштирок намуданд.
Дар ибтидо собиқадори меҳнат, доктори илмҳои химия, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, профессори кафедраи экология Юнусов М.М. ҳозиринро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, қайд намуд, ки тибқи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методии кафедраҳои факултети металлургия имрӯз семинари навбатии муштараки кафедраҳои экология, металлургия ва ташкили ҳамлу нақл баргузор мегардад. Семинари имрӯза бахшида ба амалисозии “Барномаи давлатии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2030” баргузор мегардад.
Сипас, ӯ ҳозиринро бо барномаи семинари илмӣ-назариявӣ шинос намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини ректор оид ба корҳои илм инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А.А. дод.
Профессор Умарҷонов А.А. оид ба рафти корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар факултет ва умуман донишкада сухан ронда, қайд намуд, ки солҳои охир омӯзгороу муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултет дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар самти илм фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми семинар маърӯзаи ассистнти кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш. дар мавзӯъи “Сорбсия ва аффинажи металли нуқра» баромад намуда ҳозиринро бо натиҷаҳои корҳои илмӣ-татқиқотии кафедраи металургия дар ин самт шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи дувуми барномаи семинар маърӯзаи профессори кафедраи экология Мавлонов М. дар мавзӯъи “Хавфҳои экологӣ дар корхонаҳои саноатии соҳавӣ” баромад намуда оид ба мафҳум ва намудҳои хавфи экологӣ, роҳҳои муайянкунӣ ва баҳодиҳӣ ба хавфҳои экологӣ дар корхонаҳои саноатии соҳавӣ (кӯҳӣ, металлургӣ) маълумот дод.
Аз рӯи масъалаи савуми барномаи семинар мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Эшонқулов И.А. дар мавзӯъи “Тартиби омодасозии тавсиф ва формулаи ихтироъ барои пешниҳодҳои техникӣ” баромад намуда ҳозириро бо тартиби қабулшудаи омодасозии тавсиф ва формулаи ихтироъ барои пешниҳодҳои техникӣ шинос намуд.
Дар сухани ҷамъбастии кори семинар профессори кафедраи экология Юнусов М.М. муҳимияти мавзӯъҳои баррасишударо дар амалисозии Стратегияи давлатии саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ намуда қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони фаъол дар истеҳсолот бисёр муфид мебошад.