Санаи 01.11.20 дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика семинарӣ илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Моҳияти низоми таҳсилоти фосилавӣ дар таълим” гузаронида шуд, ки дар он муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, сардори шуъбаи таълим Шамсидинов Ш.М., сардори шуъбаи илм ва инноватсия Шербоев М., мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Ш. ва дигар мудирону омӯзгорони донишкада ширкат варзиданд.
Дар семинари мазкур доир ба мавзӯи марбута, номзади илмҳои иқтисод Мирзозода Воҳидҷон баромад намуда, доир ба моҳият ва хусусиятҳои ин шакли таълим ва ҳамчунин бурду бохти он мулоҳизаронӣ намуданд. Сипас дар доираи мавзӯъ баҳсҳо ва андешарониҳо сурат гирифт, ки дар он Насриддинов З.З., Шербоев М., Шамсиддинов Ш ва дигарон ширкат намуданд.
Қайд гардид, ки таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи талаботи замон муҳим буда, ҷорӣ намудани он дар асоси принсипҳои миллӣ афзалиятнок хоҳад буд.
Шуъбаи иттилоот