Семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ

Имрӯз, дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он профессор Давлатов М дар мавзӯи “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ” ва дотсент Изаттулоев Рафтор дар мавзӯи “ Эҷодиёти бадеии халқ ва рушди он дар даврони истиқлолият” баромад намуданд. Дар семинари имрӯза муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Шаҳнозабону ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд. Чорабиниро дотсент Изаттуллоев Р ифтитоҳ намуда, суханро ба профессор Давлатов Мулошо доданд.
Профессор Давлатов М. ҳини маърӯзахонӣ таъкид доштанд, ки хизмати Темурмалик ҳамчун қаҳрамон барои наҷоти миллати тоҷик аз генотсид басо бузург аст ва маҳз талошҳои Темурмалик буд, ки муғулҳо натавонистанд, хунхорияшонро идома диҳанд.
Ҳамчунин, профессор Давлатов М. арз доштанд, ки дар мавриди пажӯҳиши таърихнигорӣ хизматҳои дигар нафарон, ки дар паҳлӯи Темурмалик аз қатли оми миллати тоҷик пешгирӣ кардаанд, зиёд гуфта нашудааст, ки бояд хонанда аз ин огоҳ бошад.
Зимни баррасии мавзӯи мазкур аъзоёни кафедра дотсент Атоева Кибриё ва дотсент Абдуллоев Икром низ андешаҳои хешро баён доштанд. Дар семинари имрӯза ҳачунин хонандаи синфи 7 -уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Юсупов Мирзохусрав низ ҳамроҳи донишҷӯён иштирок намуда, ба профессор суол дода ба саволҳои хеш посух гирифт. Анқариб дар ҳама семинарҳои илмии кафедра Юсупов Мирзохусрав ширкат мекунад ва ба худ ғизои маънавӣ мегирад, ки ин амал низ шоистаи таҳсин мебошад.
Дотсент Изаттулоев Р. низ суханронӣ намуда, аз рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият ба шозирин мисолҳо оварданд. Изаттулоев Рафтор илова намуданд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон хеле рушд ёфта, имрӯз намунаҳлои ҳунари халқии тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ дидан мумкин аст, ки ин як иқболи баланд мебошад.
Дар интиҳои семинар андешарониҳо байни омӯзгорон сурат гирифт, ки бисёр ҳам чорабиниро ҷолибтар гардонид.
М. Сайидзода