Имрӯз, дар видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Иқтисодиёт ва равандҳои муосир” баргузор гардид.
Семинарро нахуст олими ҷавон мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти мавзӯъ ва имкониятҳои рушд, марҳилаҳои иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти саноатӣ суҳбат намуд.
Ҳамчунин, омӯзгори ҳамин кафедра Раҳматов Абдумавлон перомуни имкониятҳои иқтисодӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ, рушди иқтисодиёти саноатӣ маърӯза намуд.
Сипас, омӯзгорон ба Раҳматов А. суолҳо дода, мавзӯи мазкурро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳо қарор карда шуд, семинари мазкур бо ширкати васеи омӯзгорону кормандон ва ҳамкасбон аз дигар муассисаҳои олии касбии вилоят гузаронида шавад.
Шуъбаи иттилоот