Дирӯз, дар толори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар оид ба мавзӯи металлургия ва интеллекти сунъӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи захира ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. Дар рафти семинар масъалаи мубрами рӯз оид ба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ихтисоси зеҳни сунъӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов А.А. сухан ронд. Аз ҷониби Донишкадаи Ланҷоу низ профессорон баромад намуда, иброз намуданд, ки умед доранд бо ДКМТ робитаи қавӣ ба роҳ монда, дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми хешро мегузоранд. Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки дар фурсатҳои наздик 5 нафар омӯзгорони донишкада барои такмили ихтисоси хеш ба Донишкадаи Ланҷоу панҷ сафарбар карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин семинар ба ҷуз мавзӯи асли муколамаи олимон сурат гирифт, ки дар он табодули маводи илмӣ ва хулосаҳои пажӯҳишӣ низ байни ду донишкадаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар назар аст, ояндаи наздик ин масъала низ ҳалли худро ёбад ва имконияти гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ барои олимони тоҷик дар Донишкадаи захира ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин пайдо шавад.