Имрӯз, дар толори синфхонаи М4-и факултети металлургия семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону фаъолон баргузор гардид. Чорабиниро нахуст декани факултети электромеханика Шамсиддинов Шӯҳратҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини тоҷикон сухан ронд. Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо дар бораи аҳамияти муҳими таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, перомуни дастовардҳои илмии донишкада дар ин давра гуфта гузаштанд.
Сипас, мудири кафедраи металлургия Қодиров Абдурашид дар мавзӯи “Дурнамои корҳои истеҳсоли металли волфрам”, мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев дар мавзӯи “Истифодаи барномаи компютерии Mendeley”, омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Баҳронова М. дар мавзӯи “Усули омӯзиши забони англисӣ ва технологияи инноватсионӣ”, дотсенти кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Р. дар мавзӯи “Таҳлили сифат ва мундариҷаи барномаҳо ва ҳисоботҳои таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пеш аз хатм” баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада як қатор семинару конфронсҳо гузаронида мешавад ва хоҳишмандон метавонанд минбаъд дар он озодона ширкат намоянд.
Шуъбаи иттилоот