Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии шуъбаи магистратура ва аспирантура дар мавзӯи “Саҳми ҷавонон дар тадбиқи илм дар истеҳсолот (аз рӯи равияҳои кӯҳию металлургӣ ва энергетикӣ)” баргузор гардид.
Семинарро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, саҳми ҷавононро дар рушди равияҳои кӯҳию металлургӣ басао баланд арзёбӣ намуданд.
Сипас, сардори шуъбаи магистратура ва аспирантура Муҳаммадюсупова Ш. суханро ба аспиранти донишкада Ҳомидова М.И. доданд, ки номбурда дар мавзӯи “Энергосарфа-омили муҳими рушди минтақа” суханронӣ намуд, ки дар интиҳои маърӯза суолу ҷавоб миёни ҳозирин сурат гирифт ва муаллима Ҳомидова М.И. ба суолҳо посухи мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза доктарантҳо Қосимов Ш. ва Боқизода Д. суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор доктарантҳо ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ диплом тақдим намуданд.
М. Сайидзода