САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАВИИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТИ МАМЛАКАТ ВА БЕХАТАРИИ ЭКОЛОГИИ ОН

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми ҷавонон дар бунёди давлати демократию дунявӣ бағоят бузург буда, онҳо  ба сифати як қувваи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд.   Эълон шудани соли 2017-соли ҷавонон ин  муҳаббат ва эътимоди бузурги Пешвои муаззами миллати мо нисбати ҷавонон мебошад. Барҳақ, ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон хушбахттарин ҷавононанд, ки доимо ва пайваста дар маркази диққати Ҳукумату давлат ва сарвари хирадманди он Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.   Барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандузии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Агар соли 1991 70 ҳазор нафар машғули таҳсил буданд, пас имрӯзҳо он ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст, ки аз азми қавӣ ва тамоюли устувори маърифатии ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавонон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат кардаанд. Танҳо ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон беш аз 140 нафарро ташкил медиҳанд, ки корҳои онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни ҳаёти исетҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд.

Дар Паёми Асосгузори Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба парлумони Ҷумҳурии, ки санаи 22- декабри соли 2016, ки оиди  стратегияи минбада ин инкишофи устувори кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, шудааст, ки  барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Дар ин стратегия рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ мешавад. Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ки  мебошад ва дар ин замина  ба мо зарур  аст,ки нисбати ин масоил накшагузорӣ намуда,  бахри таъмини  моддию маънавии ичтимоиёт сахмгузор бошем.

Аз ин лиҳоз боиси µайд аст, ки барои рушд додани самтҳои экологии кишвар, ки яке аз муаммоҳои зарурии замони муосир ба ҳисоб меравад. Ҷоришавии мафҳими  экология нав буда, баъди Паёми Пешвои Миллат, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба  стратегия ҷорӣ намудани  саноатикунони кишварамон ба хотири баланд бардоштани вазъи иµстисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мо ҷавонон бояд, дараҷаи тахассусияти худро  соҳаҳои гуногуни саноати кишварамон баланд намоем. Зарурияти баланд намудани дараҷаи илмии экологон ё ихтисосҳои ҷавон эколог муҳандис барои мамлакати  саноатикунони     аҳмияти калони стратегӣ дорад. Дар оянда зиёд гардидани корхонаҳои саноати  масалаи таъмини тозагии, ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аҳмияти аввалиндараҷаи давлат мебошад.

Итминон дорам, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳанд буд.

Орзумандам, ки ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ҳамеша ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад.

 

Мансуров Бахтиёр Алиевич – эколог, н.и.к