САҲМИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМИ ВА ИННОВАТСИОННӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 – уми декабри соли 2024 дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияи рушди кишварро барои  солҳои минбаъда иброз намуданд.

Дар Паёми имсола аз тарафи Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2025-2030 “солҳои рушди иқтисодии рақами ва инноватсонӣ” ин раванд барои мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши асосиро ифода менамояд. 

Ин солҳо барои тақвият додани самтҳои иқтисодӣ миллӣ дар асоси технологияи рақамӣ ва истифодабарии васеи  инноватсиони таҳкими бузург мебахшад. Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон мебошад, чун ки асри XXI-ро асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ меноманд, зеро бе истифодаи ин технологияҳо дар самтҳои муҳим рушди устувори иқтисодии давлатро таъмин намудан душвор мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳамчун мутахассис ин амалкардро роҳи пешрафти бузурги иқтисодӣ унвон менамоям ва натиҷаи иқтисодиёти рақамӣ ба мо ҳамин чизро нишон медиҳад. Зеро тақозои асри нав ва тақозои насли нав ҳамин аст ва ин ҳам асоси пешрафт мебошад.

 Барномасозӣ ба мо имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навҷорисозӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир оварда расонад.

Рақамикунонии соҳаҳо дар ҳама самтҳои хизматрасонии давлатӣ ба монанди маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон ба осонӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Технологияҳои рақамӣ маҳоратҳои заруриро дар бозори меҳнат мукаммал гардонида тақозо мекунад, ки кормандон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, алоқа ва дигар соҳаҳо вобаста ба технология  омӯзиш бинанд.

Бояд қайд кард, ки ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади аҳолӣ оварда расонад.

Иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсионӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромад мекунад, ки ҳадафи асоси ин таъмини рақобатпазирии кишварҳо, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва такмил додани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳоншавӣ рушди ин ду самт барои ҳар як кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 – ум ҳамчун як роҳнамои стратегӣ барои рушди кишвар дар шароити ҷаҳоншавӣ ва рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад. Роҳандозии ин ташабуссҳо на танҳо барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, балки барои таъмин намудани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушди устувор фароҳам меоварад. Рушди иқтисодии рақамӣ ва инноватсия, ки дар меҳвари Паём қарор гирифт, барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати рақобатпазири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. 

Албатта, ин иқдом худ бар он гувоҳ аст, ки давлату ҳукумат ҳар қадар зудтар талош менамояд, то зиндагии мардум беҳтар гардаду шароиту имконият фароҳам ояд, ки инро метавон ғамхории махсус арзёбӣ кард.

 

 Саидов Мустафохон Каримович 

 н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон