САҲА НИЗ СИЁСАТИ ТЕРРОРИСТИРО РУШД МЕДИҲАД

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон аз зарбаҳои зиёд ва амалиётҳои хунини террористӣ мардум ранҷ мекашанд, вале ҳамаи инро танҳо ду се гурӯҳи террористӣ ба гардан мегиранду халос. Ба ҳар ҳол зиёд шудани амалҳои террористӣ бар нафъи чанд давлати абарқудрат ҳам бошад, бар зарари ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳаст.

Аз ин рӯ, маҳкум намудани ин амалҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ худ як амали муҳим ва сари вақтӣ дониста мешавад. Мубориза бо терроризму экстремизмро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони миллали муттаҳид таъкид намудаандаву ин амалҳоро маҳкум кардаанд. Аммо аз чи бошад,  ки ҳоло ҳам дар ин масъала созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат сиёсати духӯраро пеш гирифтаанд.  ТЭТ ҲНИ, ки бо амалҳои террористиву экстремистияш дар Тоҷикистон ва ҷаҳон шуҳрат дорад, имрӯз даъвои худсафедкуниро пеш гирифтааст. Оё ҳамин давлатҳову созмонҳои бонуфуз нестанд, ки ТЭТ ҲНИ-ро пуштибонӣ менамоянд?

Ин амали абарқудратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ як лаҳзаи гуфгӯи Гитлер бо Сталинро мемонад, ки гуфта буд: “муҳтарам И. Сталин мо шуморо бовар мекунонем, ки ҳаргиз нерӯҳои ҳарбии Германия ба хоки Шӯравӣ ҳуҷум намекунанд”. Аммо пас аз зуҳри ҳамон рӯз ҳарбиёни Германияи фашестӣ дар хоки Шӯравӣ қарор доштанд. Аз ин мешавад хулоса кард, ки ин давлатҳо низ аз вуқуди терроризм манфиате ба даст меоваранд ва аз ин лиҳоз баҳри ба таври комил нобуд сохтанаш кӯшиш намекунанд.

САҲА низ яке ҳамин гуна созмонҳост, ки аз вуҷуди терроризму экстремизм дар сайёра манфиат мебарад. Агар чунин нест, пас чаро аз ҲНИ пуштибонӣ менамояд? 

Намешавад, хулоса кард, ки САҲА ташкилоти комилан террористӣ мебошад, вале мешавад тахмин кард, ки САҲА зери ниқоб амал менамояд.

Дар давроне, ки мо зиндагӣ мекунем, намешавад ҳама чизро пинҳон кард, зеро таррақиёти илму техника, аллакай бар зиндагии ҳама асар гузоштааст. Ва ҳама медонанд, ки бо кадом роҳҳо дурӯғу буҳтон санҷида мешавад. Ҳамон гуна, ки мегӯянд “умри дурӯғ кӯтоҳ аст” сад дар сад воқеият дорад. Сиёсати духӯраи абарқудратҳо ва созмонҳои мисли САҲА аллакай ошкор гардид ва намедонам САҲА боз кадом сиёсатро пеш мегирифта бошад.

Ман пуштибонии САҲА аз ТЭТ ҲНИ-ро бар зарари касе намедонам, ҳарчанд хатари бузурге дорад, лекин тахмин мезанам, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун як созмони бузурги олами ҷиноят барои САҲА ва дигар кишварҳои абарқудрат зарур аст.  Онҳо акнун мехоҳанд, сиёсати навро амалӣ намоянд ва барои ин ТЭТ ҲНИ зарур аст. Ин ташкилоти саропо аз авбошону, тӯдаи хоинону қотилон омодааст бар ивази пули ночизе ба ҳама чиз розӣ бошад ва ҳамин гуна аблаҳону палидон барои САҲА лозим.

Аз ин лиҳоз, САҲА инҳоро пуштибонӣ мекунад ва мехоҳад ба манфиати худ истифода намояд. Палидони наҳзатӣ бошанд, аз чиз хеле хурсанд.

 

                                                                                               Норбобоева Гулмира

                                     омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика