САҲА ВА ТЭТ ҲНИ НЕРӮИ НАВ ДАР ОЛАМИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Имрӯз Тоҷикистони азиз ба як кишвари ободу зебо ва дилкашу мусаффо табдил ёфтааст. Он рӯзҳои сангин ва даҳшатафкани солҳои 90-уми асри гузашта аллакай дар симои мардум дида намешаванд, фазои Тоҷикистонро фазои сулҳу ваҳдат фаро гирифтааст. Ва ин нишон аз зиндагии осоиштаву осудаи мардум аст. Аммо дар чунин шароите пайдо гардидани як иддае бо ном мухолиф, ки аслан бештар ба девонаҳои равонӣ шабоҳат доранд, барои чӣ зарур аст???

Барои чӣ бояд афроде мухолиф бошанд ва он ҳам боз бо сарпарастиву дастгирии кишварҳои беруна??? Дар кишвар чандин ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият доранд ва касе бар онҳо халал нарасонидааст. Аммо чаро имрӯз як тӯда авбош худро мухолиф эълон намуда дар хориҷ паноҳ мебаранд???  Чаро дар Тоҷикистон ин гуна садо баланд намекунанд???

Оё ин тоифа, ки 24 соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Аврупову дигар кишварҳо истода дурӯгу бӯҳтон мезананд, мард нестанд??? Оё инҳо занони ҳомиладоре ҳастанд, ки даврони ҳомилагӣ гузаштаасту моҳи 12-умро интизоранд??? Ин ҳолате, ки ин тоифаи гумроҳ ва хоинони наҳзатӣ намоиш медиҳанд, ҳамин ҳолати занони ҳомиларо мемонад, ки фақат дар хона нишаста, бо чунин амалҳо даст мезананд, зеро агар ин гуна занон аз хона бароянд, онҳоро хатар интизор аст. Ё тифлашон меафтад аз батнаш  ё шавҳарҳояшон ба хиёнат мутаҳҳам менамояд. Барои ҳамин ҳам ифротиҳову хоинони наҳзатӣ ба думболи ин корҳо мераванд ва мехоҳанд насли ҷавонро, ки нав аз пушти партаи мактаб хестааст, тариқи интернет гумроҳ намоянд. Онҳо барои ин кор тамоми қувваашонро сарф менамоянд, то як нафар гумроҳ созанд.

Ҷаласаи САҲА бошад, барои ин афрод як лаззат аст, зеро ҳамаи он аламҳои дар хона нишастанро ифротиҳо дар ин ҷо холӣ мекунанд. Ман ҳамчун омӯзгор аз мутолиаҳоям мегӯям, ки вақте зан зиёд дар хона менишинад ва боз ҳам даврони ҳомиладорӣ, ин аллакай ба психолигияи вай таъсир мерасонад. Омилҳои зиёде ҳаст, ки ба зишт шудани зан ва бахусус ҳолати равонии вай мусоидат менамояд. Дар ин давра тибқи таҳқиқоти гузаронидаи олимони амрикоӣ дар созмони American Psychological Association занон бештар нафрат пайдо мекунанд ва баъзан овозашон ҳам баланд мешавад. Вале агар меҳру муҳаббати шавҳарро дар ҳамин давра зан эҳсос накунад торафт ҳолати равонияш тиратар мешавад ва ин бисёр ҳам зараровар мебошад.  Дар ин давра шавҳарро лозим меояд, ки ба зан муҳаббати зиёдтар зоҳир намояд, то аз ин ҳолат тифли дар батнбуда, осеб набинад…..

Бармегардем ба воқеият ва мавзӯи аслӣ.  Омилҳову далелҳо зиёданд дар бораи фаъолиятҳои зишту амалҳои палидонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва агар ин ҳамаро ҷамъ намуда,  китоб нависи чанд ҷилд мешавад. Вале ин ҳамаро нодида гирифтани ташкилотҳои байналмиллалӣ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи исон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маро хеле нигарон намудааст. Аслан ташкилоте мисли САҲА якто ҳам нест ва ин гуна ташкилотҳо хеле зиёд сабт шудаанду бо номҳои мухталиф амал мекунанд ва мақсади онҳо яктост. Ин ҳам бошад зери номҳои мухталиф фаъолият намудану амали намудани як сиёсат мебошад. Яъне, САҲА ва дигар созмонҳои “маъруф”, ки худро пуштибону ҳомӣ муаррифӣ менамоянд, як мақсад доранд омухтани вазъи сиёсиву иқтисодии давлатҳо. Онҳо ин ҳамаро омӯхта, сипас аз пайи амали намудани нақшаҳои худ мешаванд. Мисле, ки имрӯз аз ТЭТ ҲНИ пуштибонӣ менамоянд. Ин пуштибоние, ки имрӯз мо дидаистодаем, ягон воқеият ва ба ҳаёти имрӯза наздик нест. САҲА ТЭТ ҲНИ-ро аз давраҳои қабл дастгирӣ менамуд ва ин буд, ки баъди аз Тоҷикистон хориҷ шудани ин тӯдаи авбошону хоинони Ватан, онҳоро ошкоро дастгирӣ мекардагӣ шуд. Ва ин ҳам боз на ба таври маълум боз бо баҳонаи ҳуқуқи инсону ким- кадом як проблемаҳои нобуда.

Ҳамчун омӯзгор ин амалҳои САҲА-ро маҳкум намуда, аз СММ талаб менамоям, ки ба ин намоиши театрӣ хотима бахшад. Зеро САҲА дидаву дониста ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон хиёнат намуда, душмане, ки хуни садҳо бародару хоҳарамонро рехтааст, имрӯз дар минбар шинонидааст. Оё ин поймолкунии ҳуқуқи инсон ва паст задани шаъну шарафи миллат нест???

                                                                                        Раҳматов Абдумавлон

                                                                       омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва     

                                                                                               идоракунӣ