Муноқишаҳои охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли ҷории марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз тарафи мардуми Қирғизистон оғоз ёфта буд як ҷаҳолати инсони хондан рост меояд. Аммо мардуми тоҷик бо сарзамини зебоманзару мусаффояшон аз қадим чун миллати донишманд, бомаданият, босавод, ҷасуру тавону паҳлавон, косибу ҳунарманду деҳқон ва меҳмоннавозу меҳмондор шуҳрат доштанд. Бештари муаррихону нависандагон, гардишгарону тоҷирони дохиливу хориҷӣ тоҷику Тоҷикистонро дар китобҳо ва гуфтаҳои парокандаи худ ба таври хос зикр карда, хотироташонро муфассал баён кардаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо маънии баланди фарҳангӣ, дустӣ ва сулҳофариву сулҳпарварӣ пайдо кунад. Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз гӯзаштаи қадим дорои фарҳанги баланди пурғановат буд ва ҳаст, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад. Зеро бузургони гузаштаи миллати тоҷик он касоне буданд, ки тамаддун ва адабу фарҳанги миллати моро ба авҷи камол расонданд ва ба ҷаҳониён онро низ нишон доданд.
Дар байни фарзандони асили миллат боз касоне буданд ва ҳастанд, ки бо истифода аз неруи сухан тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонданд ва исбот карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша муқобили зулму ситам буда, озодихоҳӣ ва сулҳпарвариро дӯст медорад. Дар мисоли ин метавон устод Мирзо Турсунзодаро масал зад, ки то имрӯз хадамот ва кӯмакҳои башардӯстии ӯ дар таърих сабт аст.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои Афғонистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон аз гӯзаштаи дур ва наздик робитаи адабӣ ва фарҳангӣ дошта, дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ва ходимони ҷамъиятии онҳо заминаи рушди равобити ин кишварҳоро ба вуҷуд оварданд. Мисоли онро метавон дар корномаҳои эҷодиёти адабии адибони ҳамин кишварҳо мушоҳида кард.
Зеро ҳамаи талошу хидматҳои ин адибони ҳамин кишварҳо барои аз байн бурдани чолишҳову кашмакашҳо ва ноадолатии иҷтимоӣ буданд, ки ҳанӯз ҳам падидаҳои номатлуби он мушоҳида мешаванд.
Аз мардуми қирғиз даъват ба амал меорем, ки аз худсарона ғасбӣ марзӣ тақсимотӣ он ва кашмакашҳои ҷоҳилонаи бемаврид даст кашанд. Аз созмонҳои минтақавии амнияти низ хоҳишмандем, ки нисбати ин фоҷеаи нангини ҳамсоя кишвари мо бетараф набошанд.
Хулласа мо фарзандони Тоҷикистон ва аҳли Осиёро зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва нависандаи бузурги Қирғизистон Чингиз Айматов баҳри ободии харду кишвар ва манбаи хушбахтии хамаи тоифаи одамон сулҳ бандем. Зеро имрӯз мо ҳама аҳли сайёра дар деҳкадаи хурди ҷаҳонӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунем, ки фазлу мақому манзалат ва меҳру вафову дӯстиву ҳамгироиро бояд қадрдонӣ кард, онро ба чашми хирад нигарист ва сокинонашро озоду ободу ором нигоҳ дошту ҳеҷгоҳ мардумозорӣ накард.
Дўсталиев Сарвар Тўйчимуродович
кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ