(Дар ҳошияи мақолаи “Тӯй дар Тоҷикистон мотам дар анҷумани «Озодандешон»-у сомонаи «Кимиёи саодат»)
Барои халқи тоҷик дар саҳифаҳои таърих рузгори ҷолибе иншо шудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойлдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.
Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.
Пешвои муаззами миллат бошанд, сарвари арзандаву оқили кишвари мост. Сарваре, ки умри миллатро наҷот бахшидаву халқро ба озодӣ бароварда. Бузургтарин коре, ки ин марди шариф ба ҷо овард, ин сулҳу оромӣ дар ҷомеа мебошад. Ӯ ҳамчунин барои пешрафти кишварамон иҷроиши се ҳадафи статегиро ба миён гузошт ва ин ҳадафҳо дар амал тадбиқ шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО «Роғун» худ далолати гуфтаҳои болоиянд.
Вале он наҳзатиҳои нобакор нуқтаҳои беасосеро, ҳамчун восита алайҳи мардум истифода карда истодаанд. Як – як намояндагонаш ба сухан баромада, аввал гуфтанд дар Тоҷикистон озодии баён вуҷуд надорад, дуюм бо даъвое дар Тоҷикистон истиқлолияти воқеи вуҷуд надорад, сеюмин хостанд, ки бо «ғамхории беше нисбат ба мардум», изҳори табрикот ба Истиқлолияти давлатӣ намуданд.
Кабирӣ дар нишасти Варшава бо якчанд намояндагони нобакораш баомад карда, вазъияти Тоҷикистонро мавриди сухани марказии маърӯзаи худ қарор додаанд. Аз ҳама тарафи аҷоиби суханони гуфтаи Кабирӣ дар он аст, ки онҳо худро давомдиҳандагони босмачиёни садаи гузашта, номидаанд. Дар асл давомдиҳандагон не, балки оғозбахшандагони он босмачиёне, ки садаи гузашта, оташи ҷанги бародаркушро барангехтанд, ҳамин наҳзатиҳо буданд. Барои ҳамин гуфтаниам, ки зарурати додани ҳисобот нест, зеро ҳама медонад, ки фаъолияти экстремистии ин наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ ба миллат тоҷик иснод овард.
Дар умум ин наҳзатиҳо аз як кунҷи олам истода, ҳар чи мехоҳанд мегӯянд. Кабириро имрӯз масъалаи эҳтироми Пешвои миллати мо аз ҷониби мардумон, хосатан мардумони Бадахшон ба ташвиш овардааст. Вале ин дафъа ҳатто аз ҳадди худаш гузаштааст ва иддао кардааст, ки Эмомали Раҳмон аз баъзе “бошахсиятон” – и беҳуввият ҳисси тарс дорад. Кабириро лозим меояд, ки аз изҳороти навиштаи худ чанде қабл огаҳӣ пайдо намояд, зеро дар он, ки мардум ба Пешвои миллат эҳтироми воло доранд, кинаву қасди хешро ғаразона иброз дошта буд. Акнун он изҳороташ кор надод, пас гуфт, ки тарафи асосии тарси миллат, гӯиё дар онҳост, ки бошахсиятанд.
Кабирӣ «бошахсият» гуфта киро дар назар дорад? Ҳоҷи Ҳалими хоин ё худ ватанфурӯшу авомфиребро. Гулмуроди беимону бемазҳаб ё хиёнаткорро. Асосаш худи Кабирӣ худ, кист, ки бобати «бошахситону боҳуввиятон» ҳарф задааст?
Кабирӣ аввал ту худ дараҷаи инсонияти хешро барқарор кун, ҳол он ки бошахсиятиат як ҷониб, сипас номи «бошахсиятон» – ро ба забон ор. Ту ку худро босмачӣ эълон сохта будӣ – ку? Чаро имрӯз аз шахсияту ҳуввият сухан кардӣ. Магар инро ҳам омӯзонем, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Аз ин лиҳоз дон, ки кай ва дар куҷо чӣ гуиву чӣ шунавӣ. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки агар сухан донистӣ бигӯ то боиси ибрати дигарон шавӣ, агар надонистӣ хомӯш ист, то туро инсон шуморанд. Бо он изҳоротеро, ки ба мусоҳибон изҳор намудаи бовар кун, ки касе ба ин васвасаҳои бемаъни бовар нахоҳад кард. Зеро ин ҳама танҳо дурӯғ асту бас.
Абдуллоев Икром,
Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ дар шаҳри Бустон