Нимаи дуюми имрӯз, 25 июни соли равон дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони “Саодати миллат дар Ваҳдат аст” конфронси илмӣ назариявӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, номбурда оиди бо кӯшиш ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадани сулҳу субот дар мамлакат суханронӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки дар кори конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, шоири хушкалом Озарахш, ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Мадина Набизода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолов ширкат ва перомуни сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ибрози назар намуданд.