Имрӯз дар кафедраи металлургия маҳфили доимамалкунандаи ” Металлургони ҷавон” баргузор гардид. Маҳфили мазкур зери роҳбарии омӯзгори ҷавон Фаридаи Амонулло фаъолият менамояд.
Имрӯз дар маҳфили навбатӣ мавзӯи “Таснифи зерзинаҳои равандҳои пирометаллургӣ” баррасӣ гардид, ки вобаста ба ин донишҷӯи бахши чаҳорум Асомиддинзода Н. баромад намуд.
Асомиддинзода Н роҷеъ ба мавзӯи мазкур муфассал баромад намуда, ба ҳозирин моҳияти мавзӯъ, зарурати онро фаҳмонид. Сипас, дигар донишҷӯён ба ӯ вобаста ба мавзӯъ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сипас, омӯзгори фаъол Мӯминов У. суханронӣ намуда, роҷеъ ба баррасии мавзӯи мазкур дар ин маҳфил ва манфиати он ба раванди таълим сухан ронд.