
Директори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада Ӯзбекова Баҳриниссо иттилоъ дод, ки раёсати донишкада 35 адад китоби “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ”-ро барои истифодаи донишҷӯён харидорӣ намудааст. Муаллифони асари мазкур Абдухолиқзода Л., Мирзозода Н., Исвализода С.,Ҷаъфарӣ А., Саматов С . мебошанд ва ин дастур соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 528 саҳифа ба нашр расидааст.
Донишҷӯён метавонанд барои донишҳои худро такмил додан, ин асарро мутолиа намоянд.