САМАР ҲАРГИЗ НАМЕБАНДАД НИҲОЛИ ДУШМАНИ МИЛЛАТ

Дар як Ватан тарбия гирифта, даст ба амали террористӣ задани тӯдае аз авбошон маро ба ҳайрат мегузорад. Ба пайраҳаи деҳае ки дар оғӯши он ба камол расидаӣ, чи сон метавон ба мисли таррор шабохун зад. Мо тоҷикон, мардуми меҳмоннавозем. Дар ҳавлии мардуми тоҷик меҳмонхона аст ва мусофири раҳро ба дастурхони худ зиёфат медиҳад. Дасти дуо бардошта барои мусофир сафари бехтар мехоҳад.

    Бо вуҷуди ин, чанд ҷавони раҳгумзада аз шаҳри Норак тибқи фармоиши зархаридҳои хориҷӣ дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ бераҳмона ҳуҷум карданд. Ин амали террористӣ аз ҷониби наҳзатиён барқасдона содир карда шуд. Магар ин ойини меҳмоннаворзӣ аст? Ҳаргиз! Ин тақлид ба фарҳанги бегона ва пуштибонӣ аз мазҳаби динии ғайрисуннатӣ аст. Дар рӯзи равшан сар задани чунин ҳодисаи рангин чашми ҷомеаро мош барин кушода монд.

    Душмани миллат ба ҳар кор қодир аст, зеро ӯ ғарази сиёсӣ дорад. Барояш арзишҳои миллӣ чун Ватан-модар бегонаанд. Ғуломи зархариди охундҳое мебошад, ки ба хотири амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ доим дасисабозӣ мекунанд. Дар остини худ мори афъиро парвариш карда будаем, пас аз мурофиаи судии ин тӯдаи риёкон ба хулоса омаданд аҳли сокинони деҳа.

    Зина ба зина пояҳои истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъ меёбад. Парчами кишвар дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ партавфишонӣ мекунад. Ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари дил во гардид. Шуълаи маърифат дар гӯшаю канори мамлакат фурузон аст. Ана ҳамин машъали дониш дар ҳар ҷабҳа пайраҳаи моро мунаввар мекунад, то аз торикии таасуб ва тақлиди кӯр-куронаи фарҳанги бегона раҳоӣ ёбем.

    Ниҳоли душмани миллат ҳаргиз дар боғи Тоҷикистони соҳибистиқлол самар намебандад. Алафҳои бегона мазраи ҳосилхези Ватани моро ба гирдбоди фано намебарад. Чун моро боғбоне ҳаст дурандеш ва сиёсати созандагию бунёдкорӣ дар Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Боқӣ рисолати ҳар шаҳрванди кишвар чун чароғи ҳидоят раҳнамоӣ ва баҳраёб шудан аз нуктаҳои асосии ин Паёми пурарзиши миллат мебошад.

 

    Ба андешаи ман, тарбияи солими фарзанд ва такмили дониши сиёсии ӯ на танҳо рисолати омӯзгор, балки падару модар, бобою бибӣ ва дигар пайвандон аст. Ба фарзанди худ таълиму тарбияи нек дода оянда чун боғи падар самари нек гирифтан бешубҳа вазифаии ҷонии пайвандону наздикон аст.

    Дар осори Миробид Сайидои Насафӣ, ки ба тозагӣ 400-солагиаш таҷлил гардид дурри маъонӣ нуҳуфтааст:  

Ҳавои кучагардӣ нест нест фарзанди маро бар сар,

Намеояд ба берун аз ҳарими ғунча бӯи ман,

Маро як роҳ намеояд ба бар сарви равони ӯ,

Самар ҳаргиз намебандад ниҳоли орзуи ман

    Ба риштаи таҳлил кашидани ин мисраҳои Сайидо як олам ғизои маънавӣ медиҳад. Ҳангоми дарси тарбиявӣ истифодаи осори ниёгон ба манфиати беҳдошти сифати таълиму тарбия аст. Даст ба китоб бурдани волидон ҳам худ як намунаи тарбияи фарзанд аст.  

 

 

 

                                                                                                                      Зайниддин Орифӣ, мудири шуъбаи иттилоотии

                                                                                                                        Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон