Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада мулоқоти намояндаи корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бо донишҷӯёни бахшҳои сеюм ва чорум баргузор гардид. Чорабиниро нахуст сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки донишкада пайваста талош менамояд, то хатмкунандагонро бо ҷойи корӣ таъмин созад ва аз ҷониби дигар корхонаҳои саноатии кишварро бо мутахассисони варзида таъмин намояд. Ӯ илова намуд, сабаби ҷамъ овардани донишҷӯёни ихтисосҳои таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ, экология, иқтисодиёт ва идоракунӣ, металлургия дар он аст, ки чунин мутахассисон ба КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” имрӯз зарур ҳастанд. Сипас, суханро ба намояндаи ин корхона дод.
Намояндаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” иброз дошт, ки ва коргоҳи мо ба мутахассисони варзидаи ҷавон ва донандаи хуби соҳа ниёз дорад ва имрӯз омадани ман дар он аст, ки хоҳишмандонро бо ҷойи кор таъмин намоям. Донистани забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯён авлавият медиҳад.
Дар интиҳо донишҷӯён ба намояндаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” вобаста ба шароит ва имкониятҳои ва корхона суолҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот