САЛИМПУР БОЗ ҲАМ ДОМАНИ ДУРӮҒ ДОШТАВУ ДАСИСАБОЗӢ МЕКУНАД

Ҳарчанд маълум аст, ки ҳоло гурӯҳҳои ифротӣ ва шабакаҳои террористӣ бештар аз сомонаҳои мустақил истифода менамоянд, лекин аксарияти сардабирону муассисон талош мекунанд, ки ҳамин воқеиятро пигҳон кунанд. Яке аз чунин сомонаҳои дар хизмати шабакаи террористӣ буда, ин ахбор.ком мебошад. Сардабири ахбор.ком, ки бештар бо дурӯғгӯиву фитнаандозӣ машҳур аст, бештар кӯшиш менамояд, то ҳамкорияш бо ТТЭ ҲНИ ва раиси он М. Кабириро пинҳон нигоҳ дорад ва аз ин хотир худро ҳамчун фариштаи бегуноҳ муаррифӣ кардани мешавад, ки афсус бо домани тар даъвои покдомонӣ кардан нашояд.

Тавре, ки маълум аст, М. Салимпур пас аз маҳрум шудан аз кор дар радиои “Озодӣ”  дар ҳамкорӣ бо наҳзатиёни террорист робита барқарор намуда, бо маблағгузории М. Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ ҳамин пойгоҳи хабарии ифротиро таъсис додааст, ки мақсадаш гумроҳ кардани ҷомеа мебошад. Асли мақсаду нияти М. Салимпур ва М. Кабириву дигар наҳзатиён ин хиёнат бар Ватан мебошад. Яъне ҳам Мирзои Салимпур ва ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо раисаш имрӯз дар хидмати душманони миллати тоҷик қарор доранду барои миллатро гумроҳ намудан, талош менамоянд.

Аммо М. Салимпур намехоҳад, ки ин ҳамкорияш бо созмонҳои террористӣ ошкоро бимонад ва аз ин лиҳоз ҳар рӯз як сафсата ва ҳазён мегӯяд. Дар матлабе бо номи «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» муроҷиат ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ёрдамчии Президенти ҶТ иддао намудааст, ки бар хешовандон ва дӯстони вай гӯё  фишор оварда бошанду бозпурсӣ намуда бошанд. Аммо ин як ҳарзаву дурӯғ буда, ягон ҳақиқат надорад.  Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки М. Салимпур бо пеш овардани хешовандонаш мехоҳад худашро ҳамчун ҷабрдида муаррифӣ карда, боварии мардумро ба даст ораду ба хоҷагони хориҷияш нишон диҳад, ки аз асрори ниҳонаш касе огоҳ нест.

Албатта бо чунин макру ҳилла Салимпур мехоҳад хонандагони ахбор.комашро аз даст надиҳаду ҳам сармоягузоронашро ҳифз намояд, ки чунин шеваи кори ғаддоронаи ӯ  аллакай бар ҳама маълум мебошад.

Аз ҷониби дигар М. Салимпур мақомоти кишвар ва прокуратураро туҳмат кардаву айбдор кардааст, ки ин аллакай номардист. Зеро М. Салимпур дигар чора ҳам надошт ва ба ҳамин хотир пойи хешовандонашро ба моҷарояш кашид, вагарна чуноне, ки бародараш гуфта буд, ӯ аслан парвои хешу табор ҳам надорад.

 Бояд иқрор шавем, ки бо ин шеваи макру ҳилла ва найрангбозӣ Салимпур ҳаргиз ба мақсад нахоҳад расид, зеро касе хиёнаткорро нахоҳад бахшид ва  ин дасисабозиву иғвобарангезӣ ҳам дигар фоида надорад, чунки ҳақиқати Салимпур ва хоҷагонаш хеле барвақт бар миллат ошно шуда буд.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ