САЙДИ САЙЁҲ АЗ БАРОИ ЧӢ БУД?

Таъмини амнияти сайёҳ чи хориҷӣ ва чӣ дохилӣ аз шохаҳои муҳими одоби меҳмондорӣ аст. Ин нуктаро ҳодисаи фоҷиабори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ санаи 29-уми июли соли 2018 дар мавзеи Себистони вилояти Хатлон бори дигар таъкид намуд. Тӯдаи лошахӯрони бетарбия бераҳмона ба як гурӯҳи сайёҳони велосипедсавор ҳуҷум карданд. Ҳамчун сайди дастаи террористон қарор гирифтани сайёҳони хориҷӣ чй маънӣ дошт? Беобрӯ кардани давлат? Ғорати пулу моли сайёҳ? Ноором кардани авзои сиёсии мамлакат? Нишон додани сатҳи меҳмоннавозии миллати тоҷик?

Ба ҳамин монанд саволҳои гуногун оташи танӯри андешаҳоямро баланд мекунад. Посух меҷӯям ба саволҳоям аз гуфтори фозилон ва андарзи ҳакимон.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар “Фонуси хаёл” андешаҳои ҷолибро ба риштаи тадбир кашида коста шудани ахлоқи ҷавононро давоми даҳсолаҳои охир чун иллати ҷомеа эътироф намудааст. Аммо ин андешаҳо ки ҳанӯз соли 2006 рӯи чопро дидааст, мавриди таҳлили хонандагони ҷавон қарор нагирифтааст. Вагарна чунин ҳодисаҳо сар намезаданд.

“Касе ки бо разолат мудоро мекунад, ба зери по гардидани шарафи инсонии худ низ ногузир тан медиҳад….” (Саттор Турсун, Зимистони умр, “Адиб”, с.2006, саҳ. 330)

Дар саҳифаи дигар:

“Кирдори тӯдаҳои таҷовузкор ба мисли рафтори ашхоси нохалаф метавонад тибқи як қонуни муайяни худ алоҳида ҷараён дошта бошад. Аммо вай ҳеҷ гоҳ наметавонад симои маънавии ин ё он миллатро , чӣ тавре ҳаст, равшан ифода кунад….

(Саттор Турсун, Зимистони умр, “Адиб”, с.2006, саҳ. 337)

Оре, мардуми мо аслан меҳмоннавоз аст.  Сиёсати дарҳои бози давлати мо ба ҳамаи хоҳишмандон имкони боздид аз Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Бе ягон мамониат мавзеҳои хушобу ҳавои кишварро тамошою лаззат бурдан барои сайёҳон раво аст.

Фонии Кашмирӣ яке аз шоирони машҳури форсизабони Ҳиндустон ҳанӯз дар асри XVII фармудааст:  

Хор ҳам аз давлати мо дар гулистон роҳ ёфт,

Домани мо ҳар кӣ мегирад, ба ҷое мерасад.

Имрӯз дар гулистони мо роҳ ёфтани хорҳо аз тарбия дур мондани ноболиғону ҷавонон аст.

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро ханҷар намеояд ба кор.

(Фонии Кашмирӣ, Мунтахаби ашъор, “Ирфон”, с.1986)

Ана ҳамин тарбияи ҷавҳари мардӣ бояд чун оини ҷавонмардӣ ҷомеаи наврасону ҷавононро фаро гирад. 

Барои пояи иқтисодиётро мустаҳкам намудан, даромад аз соҳаи сайёҳӣ манфиати зиёд меорад. Кишварҳои дигар маҳз аз ҳамин ҳисоб буҷети худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар шаҳри Бойбозори Туркия ҳамагӣ 35000 аҳолӣ дорад, ҳайкали сабзӣ дар назди дарвозаи шаҳр қомат афрохта, ба шаҳраки сайёҳон табдил додани маҳсули ҳунармандон ва армуғонҳо соле то 35 миллион доллар даромад мегирад. Аз андоз озод мебошанд, соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ.  

Камоли ифтихор аст, ки дар Точикистон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон гардида дар доираи он тадбирҳои гуногун гузаронида мешавад.  Аз ҷумла, ҳангоми боздид аз вилояти Суғд дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ  барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд. Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл  дар мавзеи  хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик»  дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби  соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар замин сохта хоҳад шуд. Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин мешаванд. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад. Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад ва он дар асоси талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт.

Умедворем, нерӯи ақли солим боло мегирад. Амнияти сайёҳ дар ҳар қадам таъмин мешавад. Меҳмоннавозии мардуми тоҷик  бо паҳн кардани дастурхони моддию маънавӣ дар байни сайёҳон боиси ризқи фаровон мешавад.

 

Зайниддин Орифӣ, мудири шӯъбаи иттилооти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоӌикистон

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

13 − ёздаҳ =