“САДОИ МАРДУМ” Ё САДОИ ХОИНОН?!!

Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари азизамон, ватани маҳбубамон, хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикону тоҷикистониён хел пеш рафтаасту  имрӯз хушбахтона мардум зиндагии шоиста доранд, аммо ҳастанд як идда аз хоинон ва манқуртони ақлбохта, ки бар алайҳи миллат дасисабозӣ мекунанду талош менамоянд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду ҳақиқатро аз чашми мардум нигоҳ доранд. Аммо ин хоинони бадкеши бистучорӣ ва палидони манқурт аслан намедонанд, ки мардум кайҳо боз аз ҳақиқати онон огоҳ гардидаасту дигар ба сафсатаву ҳарзаи онон гӯш намедиҳад.

Ҳоло барномаи “Садои мардум”-и гурӯҳи экстремистии 24, ки тариқи интернет паҳн мегардад ба як маркази ҳарзагӯйӣ ва  авбошӣ табдил ёфтааст, ки ҳамарӯза муаллифаш яке аз хоинони бадкеш ва палид Беҳрӯз сафсата мехонаду миллати тоҷикро таҳқир менамоянд, ки ин амали ин хоинчаи бистучорӣ бахшида нахоҳад шуд.

Ба ҳамин далел аз ҳама ҷавонон хоҳиш менамоям, то фирефтаи суханони ин хоинони наҳзатӣ нагарданд, чунки ин палидони манқурт ва хоин асло муҳаббат ба ватан надоранду душмани рақами яки миллат мебошанд ва манофеи хоҷагони хориҷияшонро думболагирӣ менамоянд, ки ин амал хиёнат бар миллат мебошад.

Аз ин лиҳоз ин суоле ба миён меояд, ки барномаи “Садои мардум” садои мардум аст ё фақат садои хоинони бадкеш????

 М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ