САДА МУЖДАИ НАХУСТИ БАҲОР АСТ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) – ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Аз рӯйи андешаи аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманкӯҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла соҳилҳои рӯдхонаҳои Обу Енисей то кӯли Байкал будааст, ки ба ин бозёфти харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Гурӯҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз сар шудани яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кӯч баста, сӯйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.

Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ, давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода, ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.

Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) тавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтари) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъст», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистон ва Хуросони кунунӣ маскан бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омадааст, ки сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд».

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхта, барои нигоҳдории он мекӯшиданд. Сараввал нигоҳдории оташ андаруни ғорҳо ва дигар ҷойҳои мусоид маъмул гардида, сипас ин ҷойгоҳ ба оташкада табдил ёфт. Одатан, оташи муқаддасро атарбонҳо, яъне оташбонҳо андаруни оташкада нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, парастиши оташ ва бузургдошти он ба ҳукми анъана даромада, бунёди оташкадаҳо дар минтақаҳои гуногуни буду боши ориёитаборон роиҷ гардид, ки оташкадаҳои овозадори Навбаҳор дар Балх, Озарфарнбағ дар Кориёни Форс, Озармеҳрбарзин дар Реванди Хуросон, Озаргӯшнасп дар Шизи Озарбойҷон, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб – ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомоти хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд. Беҳуда нест, ки яке аз шоирони тавоно Манучеҳрии Дамғонӣ чунин менависад:

Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.

Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад. Зардуштимазҳабони остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомот пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5 – 6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти Митра рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Айнии шаҳри Бустон низ ҷашни Сада бошукуҳ таҷлил гардид.