Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Сада таҷлил карда шуд. Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Сада дар гузаштаи тоҷикон ва форсизабонон ва ҷамҳаҳои илмии он дар даврони истиқлолият” баромад намуд ва арз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик буда, маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият аз нав эҳё карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтмоӣ Иброгимова Оирамо доир ба таърихи ҷашни Сада ба ҳозирин маълумот дод. Сипас, барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси бахши тарбия гузаронида шуда, дар он тамоми омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот