Дар як ғазали Сайидои Насафӣ ба чунин байте дучор омадам:
Шикваи ағёр агар хасмӣ кунад бо ман, равост,
Саг барои луқма домангири соил мешавад
Воқеан ҳам рафтори раҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳамин байтро сазовор аст, ки мисли саг домангири гадо мешавад. Онҳо чун хасми миллат рафтор намуда, акнун байни неруҳои мухолифин низоъ меандозанд.
Тавре аз сарчашмаҳои иттилоотӣ дарёфтем, санаи 9-уми сентябри соли 2018 ташкилоти террористї –экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом »(ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се созмони аниқтараш вертуалӣ(маҷозӣ)- анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои ислоҳот ва рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном Паймони Миллии Тоҷкистон эълом доштанд, ки роҳбари он, таври маълум саркардаи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.
Дар ҳама ин қиссаи тавлиди Паймони миллӣ се нуқта диққат ҷалб мекунад. Аввалан, доими бунёди сохтори нав дар шаҳри Варшаваи аз Душанбе дур, ки ба ҳалли масъалаҳо дар дохили Тоҷикистон равона шудааст.Бовар кардан ба он ки пайдо шудани чунин ташкилоти сиёсӣ дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ бе иштироки хадамоти махсус сурат мегирад, кори шахсест, ки аз сиёсат дур ва бо фаъолияти мақомоти ҷосусӣ тамоман ноошно аст.
Сониян , ҳайати муассисони Паймонаи миллӣ характери ҷолиб дорад. Бидуни ТТЭ ҲНИ , ҳеҷ кадоме аз ин се ташкилот на қувваи воқеъии сиёсӣ, на заминаи иҷтимоӣ, на ягон ошнои аз ҷониби аҳолӣ надоранд. Яъне шарикони номбурдаи ТТЭ ҲНИ танҳо дар қоғаз вуҷуд доранд, ягон аҳамияти воқеиро доро нестанд, ягон чиз ғайр аз парда барои ТТЭ аз худ зоҳир намекунанд. Аммо дар таърихи муосири Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ худашро дар солҳои 90-и қарни гузашта хеле сиёҳ намуд , дастони ў ба ҷиноятҳои хунини террористӣ олуда аст, ки дар садҳо ҷилд корҳои ҷиноятӣ ва ҳазорҳо далел тасдиқ шудаанд. Ва чӣ қадаре ки хоҷагон ва сарпарастони хориҷии ТТЭ ҲНИ аз ин далелҳои таърихӣ дурӣ ҷўянд , ин ба онҳо муяссар нахоҳанд гардид.
Муҳиддин Кабирӣ ошкоро иҳор медорад, ки Паймон мағзшўйи идеологии шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мақсади боло бардоштани шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва муташанниҷ гаштани вазъ дар кишвар, сиёҳкунии ва таҳрири фаъолияти мақомоти давлатӣ Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ ҷаҳонӣ, тайёр кардани замима барои ҷалб ва истифодабарии шаҳрвандон дар фаъолияти террористии худ пеша хоҳад кард. Сохтори стратегияи итилоотии пешгирифта ва ҳадафҳои аслии он бо ҳамин иқтибос аз баромади Кабирӣ равшан мегардад , ки Паймони номбурда барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ ба мардуми Тоҷикистон чӣ пешниҳод мекунад. Иқрори М.Кабирӣ гувоҳи он аст, ки мақсади асосии Паймон барҳњам задани сохти конститутсионӣ аст. Ҳамин тариқ, Паймон ҷойгузини ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки зери пардаи нав мехоҳад аслияти террористӣ доштан ва ҷиноятҳои содиркардаашро пинҳон намояд. Аммо бояд ба назар гирифт, ки бо иваз кардани ном ТТЭ ҲНИ нақшаҳои ҷиноии худро иваз ва алоқаҳоро бо ташкилоти байналмилали террористӣ қатъ накардааст.
Маҳз барои ҳамин коршиносон чунин меҳисобанд, «ки бозӣ кардани элитаҳои сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва таҳти сарварии он созмон додани сохторҳои нав ба монанди Паймони миллӣ метавонад натиҷаҳои ҳалокатбор бошад. Дар натиҷа,террористони наҳзатии бо пули андозсупорандагони ғарбӣ парво кардашуда дар ҳар лаҳза метавонад аз таҳти назорати хоҷагони худ бароянд ва силоҳро алайҳи онҳо равона созанд, ки на як бору ду бор чунин ҳолатҳо дар таърихи амалиёти махфи хадамоти љосусї рух дода буданд. Ва онгоњ ҲНИ метавонад бо саратоне дар қалби Аврупо табдил ёбад, ки аз он раҳо шудан кори осон нахоҳад буд».
Чунин назари коршиносонро сарфи назар кардан бехирадист. Инро таърих худ собит кардааст.
Вазифаи ҳифзи сохтори демократӣ ва дунявии аз ҷониби Паймон эълон шударо ќайд карда, коршиносон ќотеъона мегўянд: «номумкин аст тасаввур кард, ки зери ин ҳадафҳо гумроҳњони ТТЭ ҲНИ имзо гузоштаанд, онҳое, ки аз ҷониби саркардаҳои худ ба қисмҳои ДИИШ дар Сурия карда шуда буданд ва ҳоло дар музофотҳои афғонии бо Тоҷикистон ҳаммарз ҷамъ шуда, фармон ба оғози террорро интизор ҳастанд.
Аз гуфтаҳои дар боло бармеояд, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳушёр бошем, ин ақидаҳоро мо бояд ба ҳамватанону донишҷўён фаҳмонем ва садди роҳи онҳо бошем.
Ин амалҳои ТТЭ ҲНИ нишон медиҳанд, ки онҳо Тоҷикистони демократию ҳуќуќбунёдро чашми дидан надоранд ва мо Тоҷикистониён ба атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон , мўхтарам Эмомаӣї Раҳмон боз ҳам мутаҳид гардида ба муқобили ТТЭ ҲНИ муборизаи бе амон мебарем.
Шукрулло Буҳодуров, профессори кафедраи фанҳои умумитехникии ДКМТ