САБАҚИ ЗИНДАГӢ

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар ҳақиқат филми ҳуҷҷатиест, ки дар он сидқан аз амалҳои кардаи худ пушаймон будани як тан тоҷик, дар сиришти ӯ боз шудани чашми ҳақиқат ва шинохтани қадру манзалати сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ эҳсос мегардад.

Собиқ яке аз муассисони фаъоли ТЭТ ҲНИ Айёмиддин Сатторов шоҳиди бевоситаи ҷалб намудани ҷавонон ба терроризм, омода шудани онҳо дар лагерҳои низомии экстремистӣ ва бо ин нияти дар оянда халалдор сохтани сулҳу оромӣ ва осоиштагии мардум – Тоҷикистонро доштани сарварони ҲНИ мебошад.

Инак, гузашти рӯзгор ва сабақи ҳаёт боис гардиданд, ки ин мард барои пешгирии ҷангу хунрезӣ, куштору ғоратгарӣ ва харобӣ овардан ба сарзамини биҳиштосои мо ниятҳои нопок ва нақшаҳои харобкоронаи ТТЭ ҲНИ-ро ошкоро баён дошт.

Филми мазкур моро водор менамояд, ки бори дигар хотироти саҳфаҳои даҳшатовари ҷангу хунрезии солҳои навадуми қарни гузаштаро ба ёд оварда, нагузорем, ки ба пояи дарахти Ваҳдати миллӣ теша расад. Бенатиҷа будани омоданамоии низомиёни ифротгаро дар Эрон барои ноором гардонидани Тоҷикистон, барбод рафтани миллионҳо доллари хоҷагони эронии сарварони ташкилоти экстремистӣ ва барқасди душманони миллат рушду инкишоф ёфтани Тоҷикистон самараи хиради азалии мардуми худогоҳи тоҷик аст.

Филми мустанад барои ҳар яки мо ҳушдор дода, талқин менамояд, ки дар роҳи ватандӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва аз бегонагон ҳифз намудани сулҳу осоиштагии сарзаминамон даҳчанд кӯшиш намоем.

М.Мирзоахмедов, омузгор

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

2 × 3 =